Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

СОҲА БОЯД РУШД КУНАД

Дар  ноҳия «Барномаи рушди  соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009-2015»
суст амалӣ гардидааст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то имрӯз 17 хоҷагӣ дар  12,65 гектар беш аз    19220 дона моҳӣ парвариш менамоянд.

Бо назардошти баланд шудани нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба ин соҳаи даромаднок бояд ҷиддитар машғул шавем.

Имрӯз хоҷагиҳои  моҳипарварии «Мирзои Малик» (раисаш Кароматулло Мирзоев), «Комрон» (раисаш Ҳамдам Ятимов), «Саидзод» (раисаш Раҳими Саидзод), «Бобуна» (раисаш Маҳмадназар Азимов) дар  0,25 то 0,75 гектарӣ ҳавзи моҳӣ ташкил карда, аз 1000 то  3500 адад моҳӣ парвариш мекунанд. Соли гузашта ин хоҷагиҳо ба миқдори 2,5 тонна моҳӣ ба фурӯш бароварданд.

Вале хоҷагиҳои моҳипарварии Юсуф Шарифов, Бек Ашӯров, С.Саидов, С.Мирзоева аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, Шаҳобуддин Раҳматов аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод бо мақсади рушди соҳа як-дугектарӣ замин гирифта, то ба ҳол аз қайди омор нагузаштаанд.

- Обу ҳавои ноҳияи мо барои парвариши моҳӣ хеле мувофиқ аст. Хусусан моҳиҳои хушзоти «Пешониғафси сафед», «Зағорамоҳӣ» ва «Амури сафед», ки хуб инкишоф меёбанд, - мегӯяд сардори Раёсати кишоварзӣ Сайдалӣ Шамсов. – Ин зотҳо дар иқлими салқин хело зуд вазн мегиранд. Бартарии ин  зоти моҳиҳо дар он аст, ки аз хӯрокиҳои  консентратӣ кам истифода бурда, бештар аз алаф ғизо мегиранд.  Моҳии «Амури сафед» дар байни ду сол ҳар кадоме то 3-5 килоӣ вазн мегиранд.

Офати сели имсол омада ба чанд хоҷагии моҳипарварӣ хисороти калон овард. Вале раисони хоҷагиҳои номбурда ҳавзҳоро таъмир карда аз хоҷагиҳои тухмипарварии ноҳияи А.Ҷомӣ аз 5 то 8 ҳазор моҳичаи зоти «Амури сафед» оварда ҳавзҳоро барқарор карданд. Барои парвариши ин зоти моҳӣ олимон хӯроки юнучқаро тавсия медиҳанд. Бо ин тарзи хӯрокдиҳӣ бо хароҷоти кам даромади калон гирифтан мумкин аст.

Аз суханони раиси раёсати кишоварзӣ хулоса гирифтем, ки масъулияти  роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарвар барои рушди соҳа камӣ мекунад. Зарур аст, ки ба рушди соҳа бештар талош варзида, дастархони мардуми ноҳияро бо ин ғизоии фоиданок ғанӣ гардонем.

Т. СОҲИБНАЗАРОВ.