Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

САРВАТИ ТАБИАТРО ҲИФЗ БОЯД КАРД

Чун мавсими гармо фаро мерасад, ташвиши мо, кормандони ҳифз ва чангал дучанд зиёд мегардад, зеро заминҳои фонди давлатии ҷангал аз марзи ноҳия дар масофаи дур ҷойгир буда, истифодаи нақлиёти оташнишонӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ ҳар як сокини ноҳия, ки аз обу ҳавои табиати ин диёр истифода мебарад, вазифадор аст, ки дар ҳифзу ҳимояи он бетараф набошад.

.

Бояд қайд кард, ки ҳамасола аз тарафи масъулини Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар асоси фармоиши Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифз ва ҳимояи ҷангалзорҳо аз сӯхтор нақша - чорабиниҳо таҳия карда, иҷроиши онро бевосита ба зиммаи гурӯҳи корӣ вогузоранд.

Заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки тибқи тавозуни хоҷагӣ 13623 гектарро ташкил медиҳаду ба се минтақа ҷудогардидааст, ба зиммаи ҳашт нафар ҷангалбон вобаста гардидааст, ки назоратии доимии он аз тарафи ҷангалбонон имконнопазир мебошад.

Ҳамасола дохили гардишгоҳҳои ба ҷангалбонон вобасташуда асбобу лавозимоти сӯхторхомӯшкунӣ: бел, каланд, табар, чорӯб, сатил ва обпошакҳои бензинӣ таъмин гардида, ҷиҳати сари вақт омода кардан ба мавсими сӯхтор чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ба замми ин дар байни мактаббачагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, ки мақсад аз он даъвати ҷавонписарон оид ба кӯмак расонидан дар ҳолатҳои сар задани сӯхтор ба кормандони хоҷагии ҷангал мебошад.

Ҳамзамон қайд карданием, ки имсол бо сабаби сербориш омадани фасли баҳор дар таллу теппаҳо захираи алафи табиӣ зиёд буда, дар вақти ба амал омадани сӯхтор мушкилӣ ба миён омаданаш мумкин. Таъкид мекунем, ки дар ноҳияи Файзобод вазидани шамол дар ҳама фасли сол боиси аланга гирифтани оташи ба амаломада мегардад.

Омилҳои сар задани сӯхтор ин пеш аз ҳама беназорат гузоштани кӯдакон ва наврасон аз ҷониби падару модарон дар вақти машғул шудан ба нигоҳубини чорво дар чарогоҳҳо мебошад.

Шаҳрвандон бояд донанд, ки ҳангоми сайру саёҳат дар дохили ҷангалзорҳо истифодаи ҳамагуна лавозимоти оташангез ва маводҳои нафту газӣ, инчунин шикаста партофтани шишапораҳо, ки боиси аз таъсири нури офтоб ба вуқӯъ омадани оташ мегардад, манъ аст. Яке аз сабабҳои дигари сар задани сӯхтор ин партофтани боқимондаи сигор аз дохили нақлиёт ба берун мебошад. Ронандагонро зарур аст, ки ҳангоми ворид шудан ба талу теппаҳо бо худ таҷҳизоти махсуси хомӯш кардани алангаи воситаҳои дудбаро бигиранд. Дар сурати рух додани сӯхтор аз ин асбоб истифода мебаранд.

Ҳамаи онҳое, ки қоидаҳои ҳифзи ҷангалро риоя намекунанд, ҳатман ҷазо мегиранд.

Ҳамдиёри азиз, хоҳед, ки табиати гирду атрофи диёрамон зарар набинад, дар ҳамбастагӣ бо идораи оташнишонии ноҳия ба нозирони ҳифзу ҳимояи ҷангал кӯмаки худро дареғ надоред. Ҷангалро ҳамчун сарвати миллӣ ҳифз кунем!Муродулло НУРОВ, директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал.