КИШОВАРЗӢ
САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ
- Подробности
-
02 Фев 2018
- Опубликовано 02.02.2018 15:46
Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо Наврӯз, Меҳргон ва Сада тӯли таърих барои таблиғи ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Сада сад раҳ кушояд сӯи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмию фарҳангии абармардони тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ ва дигарон оид ба иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.
«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷиҳати муқаррар кардани таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он сарчашмаи бебаҳост. Зеро ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат медиҳад.
Дар ҷашни Сада аҷдодони гузаштаамон дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрӯхта, даври он рақсу бозӣ мекардаанд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, бо раъияти худ хурсандиҳо мекарданд, базмҳо меоростанд ва шоирон аз мавриди мусоид истифода карда, дар васфи оташ, шоҳону амирон ашъор мерехтанд. Дар ин боб шоирони бузурги гузаштаамон Фаррухи Сиистонӣ (980-1037), Манучеҳри Домғонӣ (ваф. 1040), Адиб Собири Тирмизӣ(1078-1147) қасидаҳо сурудаанд.
Сада ҷашни ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард, ки туфайли он барзгарон (кишоварзон)-и олам кори хешро осон карданд.
Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада ба 30-31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ рост меояд, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».