КИШОВАРЗӢ
КИШТИ КАРТОШКА БА 800 ГЕКТАР МЕРАСАД
- Подробности
-
09 Нояб 2017
- Опубликовано 09.11.2017 16:49
Кишоварзони ноҳия имсол аз майдони 729 гектар картошказор 5666 тонна ҳосил бардоштанд, ки дар қиёс ба ҳосили соли гузашта зиёд аст. Аммо тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти картошка дар ноҳияи Файзобод бояд ба 1000 гектар расонида шавад. Пайи иҷрои дастури мазкур кишоварзони ноҳия чӣ тадбиреро амалӣ сохтаниянд? Мавзӯи мазкурро мо мавриди пайгирии хеш қарор додем.
Посухи суол оиди иҷрои дастури мазкур, кишоварзони ноҳия чӣ омодагиҳо доранду соли оянда дар чанд гектар картошка кишт гузарониданианд, моро ба Райёсати кишоварзии ноҳия овард.
Сайдалӣ Шамсов, сардори Раёсати кишоварзӣ сари ин масъала андешаҳои поёниро иброз дошт.
– Мувофиқи супорише, ки гирифтем, дар баҳор баробари иҷрои дигар корҳои зироатчигӣ кишти картошкаро дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба назардошти уҳдадории гирифтаамон бояд ба 660 гектар ва якҷоя бо аҳолӣ ба 800 гектар расонем. Барои иҷрои дурнамои мазкур аз ҳоло омодагиҳо гирифта истодаем. Соли оянд дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон 70 га, Меҳробод 56 га, Вашгирд 29 га, ба номи Дӯстмурод Алиев 71 га, Ҷавонон 102 га, Чашмасор 56 га, Қалъаидашт 117 га ва Мискинобод 50 га кишти картошка гузаронида мешавад.
Барои иҷрои дурнамои мазкур на камтар аз 2500 тонна тухмӣ лозим аст, ки айни ҳол онро надорем. Ҳамагӣ то имрӯз 500 тонна тухмӣ дар ҷамоатҳои деҳот мавҷуд аст, ки басанда нест.
Чӣ тавре маълум аст, сол аз сол нархи тухмии босифат боло рафта аз 4 сомонию 60 дирам то 5 сомонӣ расидааст, ки на ҳама хоҷагиҳои деҳқонӣ бо чунин нарх тухмӣ харида метавонанд. Аз ин хотир мақсад дорем, баҳор барои таъмин кардани картошкапарварон бо тухмӣ дар хоҷагии тухмипарварии А.Назиров наздики 104 гектар кишти картошка гузаронем. Дар ҳолати гирифтани ҳосили баланд, метавонем оянда картошкапарваронро бо тухмии худӣ таъмин кунем.
Дигар ин ки базаи техникии “Агролизингӣ”-и ноҳия талаботи кишоварзонро қонеъ карда наметавонад. Барои кишту нармкунии картошказорҳо ва ҷамъоварии ҳосил техникаи даркорӣ намерасад.
Дар ноҳия ҳамагӣ 3 агрегати картошкашинон, ду агрегати нармкунаку 3 агрегати картошкакан мавҷуд аст, ки ақалан барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои болоии ноҳия басанда нест. Дар сурати зиёд кардани майдони кишти картошка на камтар аз 10 намуди ин техникаҳо лозим аст, ки картошкапарварон сари вақт кишту дар вақташ ҳосили майдонҳои картошкаро ҷамъоварӣ намоянд.
Чӣ тавре аз суҳбати сардори раёсати кишоварзӣ дарк кардем, айни ҳол барои ба 1000 гектар расонидани кишти картошка дар ноҳия шароиту имкониятҳо мавҷуд нест.
Аксари картошкапарварон, ки бо онҳо суҳбат доштем, аз сари вақт дастрас нагардидани тухмиҳои босифати дар шароити ноҳия созгор чун тухмии “кординал” ва “пекас” шикоят карданд. Дигар ин ки картошкапарварон бо нарасидани техникаи даркорӣ сари вақт киштро гузаронида наметавонанду ҳосили дилхоҳ низ ба даст наоварда зарар мебинанд.
Воқеан ҳам, иқлими ноҳия барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани соҳаи картошкапарварӣ мувофиқ асту барои пешрафти он ҳамаи шароиту имкониятҳо мавҷуд аст. Дар ноҳия деҳқонони асил зиёданд, ки ҳамасола аз соҳаи картошкапарварӣ ҳосили хуб ба даст меоранд. Истифодаи таҷрибаи онҳо ва таъмини саривақтии кишоварзон бо техникаю тухмӣ дар ноҳия оянда барои ба 1000 гектар расонидани кишти картошка мусоидат хоҳанд кард.