Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ФАЙЗОБОД ДАР ҶОИ АВВАЛ

Моҳи марти соли равон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Биё, бо ҳам бихандем»-ро гузаронд.

Театри халқии ноҳия ва Филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъол ва муваффақи озмун ҳисоб шуда, дар ду даври баргузории озмун ба гирифтани холҳои баландтарин соҳиб гардиданд. Дар ҷамъбаст аён шуд, ки Файзобод дар байни шаҳру навоҳии тобеи марказ бо 75,5 хол дар ҷои якум аст.

Рӯзи 1 апрел, ки байни дӯстдорони ҳаҷв «Рӯзи ханда» унвонӣ шудааст, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, воқеъ дар шаҳри Душанбе се гурӯҳи ҳаҷвнигорони Файзобод ширкат варзида, бо ду дипломи фестивал, мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

М.Талъат