Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

МАКТАБ АССОТСИАТСИЯ ТАШКИЛ КАРД

Дар калонтарин таълимгоҳи ноҳия – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 бо мақсади таъсиси Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорони мактаб маҷлис барпо гардид. Ин таълимгоҳ 1670 талаба ва 92 омӯзгор дорад.

Маҷлис сокини кӯчаи Синои шаҳраки Файзобод, духтур-эпидемиологи дараҷаи олӣ Аббос Зардовро раиси ҳамин ташкилоти ҷамъиятӣ интихоб намуд. Фарзандони А. Зардов дар хондану давомот намуна буда, пас аз хатми мактаби мазкур дар донишкадаҳои олии кишвар ва берун аз он дохил мешаванд. Ду фарзандаш алҳол муҳассили ҳамин мактаб ҳастанд.

Ҷ. БАҲОРОВ.