Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ҲХДТ БОҒ БУНЁД КАРД

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда дар майдони 0,5га боғи себ бунёд намуд.

Абдулло Азизов, раиси ноҳиявии КИ ҲХДТ дар суҳбат бо мо гуфт, ки Ҷаноби Олӣ соли 2014 шахсан худашон дар бунёди боғи интенсивии Даштимарзо иштирок намуда, баҳри баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия ниҳоли аввалро шинонида буданд. Кори кардаи мо маҳз аз ҳидоятҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад. Мо ба хотири ҳарчи бештар дастрасӣ доштани сокинони диёр бо меваҳои тару тоза, ниҳолҳои хушсифатро дар боғи навтаъсисамон шинонидем, то ки ҳосили дилхоҳ ба даст орем.

С.ЮНУСЗОДА, “НФ”.