Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

МИРЗОҲАЁТИ САХӢ

Хайр кардан, агар бе риё бошад, дар назди Аллоҳ ҳисоби баланд дорад. Худо ба ҳама пулу мол ва давлат медиҳад, аммо ӯро имтиҳон менамояд, ки сарватро ба кадом нияту мақсад истифода мебарад. Агар мол барои намоиш бошаду худро аз дигарон баланд гирифтан мақсад кунад, оқибат ба пастиҳое дучор мешавад, ки чораашро ягон инсон ёфта наметавонад. Касеро Худо мадагор шавад, пеши кори ӯ кушода шуда ақли солим муяссар мегардад.

Яке аз ҷавонмардони деҳаи Заркамар (собиқ Носиробод) Мирзоҳаёт Саидов барои хайрхоҳию дасти мадад расонидан ба ятимону бечорагон камари ҳиммат бастааст. Мирзоҳаёт дар хориҷи Ватан кор ва зиндагӣ мекунад. Бо маблағи шахсии ӯ дар давоми ду-се сол барои осон намудани мушкилоти мардум ду кӯпруки мошингузар сохта шуд, ки 4-5 ҳазор доллари америкоиро талаб доштанд.

Кӯмаки ӯ ба ятимону бепарасторон бедағдағаю беминнат аст.

Ҳар қадар, ки тавонед, барои деҳаи худ, кишвари худ хизмат кунед, таъкид мекунад Пешвои миллат.

Шарофи АКОБИР, деҳаи Заркамар.