ХАБАРҲО
ЭҶОДИЁТИ НАВРАСОН ДАР ОЛМОН
- Подробности
- Опубликовано 29.03.2016 16:38
Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон моҳи марти соли гузашта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғисистон ва Туркманистон) миёни кӯдакону наврасон озмуни байналмилалии расмҳои зеборо гузаронд.
Дар кишвари мо ҳам озмуни мазкур зери унвони “Табиати Тоҷикистон”доир гардид, ки 21 майи соли 2015 ҷамъбаст шуд. Дар ин озмун аз Файзобод аъзоёни маҳфили «Расомони ҷавон»-и Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия иштирок карданд. Аз миёни ширкаткунандагон толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, Сафинаи Амиршо (хонандаи синфи 4) ва Файзулло Раҷабов (хонандаи синфи 8) дар ин сабқат ғолиб омаданд.
Озмун ба хотири ҷалби кӯдакон ба табиати нотакрору манзараҳои дилкаши Осиёи Марказӣ ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шудааст.
Озмун дар кишвари Олмон ҷамъбаст гардид. Расмҳои беҳтарин дар китоби “Дикая природа Центральное Азии глазами детей” дар шаҳри Эшборни Олмон ҷой гирифта, дастраси ғолибон гардид.
Р. СОБИР, “НФ”.