Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ШАҲРАК ЧАРОҒОН МЕШАВАД

Ба ифтихори баҳори нозанину Наврӯзи фархундапай дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ хеле хуб ҷараён гирифт.

Арафаи иди аҷдодӣ дар деҳоти Бӯстон бо иқдоми соҳибкорон Абдулҳафиз Юсуфов мағозаҳои молҳои ниёзи мардум масолеҳи бинокорӣ. Нигора Давлатова сехи дӯзандагӣ ва мағоза мавриди истифода қарор гирифт.

Наврӯз ҷашни рушаниҳост. Ба ин хотир бо кӯшишу роҳбарии бевоситаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ бо сарфи маблағҳои буҷа ду тарафи роҳи маркази ноҳия, аз даромад то баромади шаҳрак чароғҳои нав ба масофаи 7,2 киллометр, насб карда шуд, ки рӯзҳои ид чароғон мешавад.

Воқеан ҳам ободиҳои соли охир аз зебову диданӣ шудани ноҳия гувоҳӣ дода, мардумро ба бунёдкориҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.