ХАБАРҲО
РӮЗИ ҚАБУЛ ДАР МИСКИНОБОД
- Подробности
- Опубликовано 29.02.2016 15:27
Дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сари масъалаи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони аввали ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули шаҳрвандон»дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мо низ дар сатҳи зарурӣ амалӣ мегардад.
Шурӯъ аз рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар ҷамоати деҳоти Мискинобод оғоз ёфт. Пеш аз оғози қабул раис бо раисони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат суҳбат доир намуд. Дар рафти суҳбат раисони маҳаллаҳо аслан сари масъалаҳои ободонии маҳалҳо, иштироки фаъолона дар маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ,бунёди боғҳои нав, омодагӣ ба ба кишту кори баҳорӣ ва гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ миёни ҷавонон ба хотири пешгирӣ аз гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ сухан гуфтанд ва барои ислоҳи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, раиси ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас Раҷабзода Миралӣ сокинони ҷамоати мазкурро қабул кард. Зиёда аз 16 нафар корафтодаҳои ҳудуди ҷамоат арзи худро ба раиси ноҳия расониданд.
Аз ин шумора қисми зиёди онҳо барои дастраси ба қитъаи замини назди ҳавлигӣ, ду нафар барои сохтмони иншооти соҳибкорӣ, як нафар барои бунёди боғҳои нав аз раис кӯмак хостанд.
Қабули сайёр боиси он шуд, ки бахусус мардуми камбизоат дар ҷойи истиқомат арзи худро ба масъулон расонида, ҷавобашро гирифтанд. Ҳангоми баргузории рӯзи қабул дар маҳал бемасъулиятии бархе аз масъулон низ дар ҳалли мушкилоти корафтодаҳо маълум гардид. Зеро камаҳмиятӣ зоҳир намудани раисону масъулони ҷамоатҳо нисбати арзи шаҳрвандон боис мегардад, ки мардум ба раиси ноҳия ва дигар бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намоянд.
Раҷабзода Миралӣ барои ҳалли дурусту саривақтии арзи мардум ба масъулин супориш дод.
«НФ»