ХАБАРҲО
ПАЁМ-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН
- Подробности
- Опубликовано 12.02.2016 16:08
Мо ки аҳли сулҳу истиқлолем,
Соҳиби рӯзгори хушиқболем.
Пешвои миллат ар орад паём,
Аз саодат, аз фараҳ меболем.
Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат,асосгузори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳамасола ба сокинони ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад, имсол низ ба ҳамоиши бузургу хотирмон мубаддал гашт. Мо дидем, ки дар ин маҷлис ҷавонони фаъоли кишвар низ даъват шуда буданд. Дар Паёми имсола ба масъалаи таъмини амнияти босуботи кишвар,рушди соҳоти хоҷагии халқ,аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ,маорифу фарҳанг, тандурустӣ диққати бештар дода шудааст. Сардори давлат ҳамчунин таъкид кард, ки ба насли ҷавон ҳамаҷониба мароқ зоҳир карда шавад. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи миллату давлат маҳсуб ёфта, ояндаи дурахшони кишварамон аз эшон вобаста мебошад. Бояд ҷавонон зиракию ҳушёриро аз даст надода аз самараҳои меваҳои шаҳдбори истиқлол баҳравар бошанд ва ба ҳаргуна фирефтаҳои душманон дода нашаванд. Пайваста дар ҷустуҷӯи илму дониш буда, забонҳои хориҷӣ, алалхусус русӣ ва англисиро аз худ кунанд. Ҳар кадом дар ҷомеаи имрӯза мавқеи хешро ёфта, ҳамқадами замон гарданд. Маҳз ҳамин нуқтаи сарвари давлат ҳиссиёти мо, ҷавононро нисбати ватану ватандорӣ дучанд гардонида, шӯълаи хештаншиносии миллиро дар қалбҳои якояки мо фурӯзон кард. Воқеан ҳам, мо, ҷавонони зодаи истиқлолро лозим меояд, ки ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварро сидқан қабул намуда, истиқлолияти давлатии ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, донишу маҳорати хешро сайқал дода,бо дилу нияти пок баҳри ободию гул-гулшукуфоӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саҳмгузор бошем.
Фарида ДАВЛАТОВА, омӯзгор