ХАБАРҲО
ПАЙИ ОБОДИИ ДЕҲА
- Подробности
- Опубликовано 22.01.2016 08:37
Дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Бӯстон бо ташаббуси раиси кумитаи маҳалла Раҳмоналиев Саидаҳмад иқдоми некеро пеш гирифтанд, ки боиси хушнудии аҳли деҳа гардид.
Мувофиқи қарори кумитаи маҳалла аз ҳисоби маъракаҳои аҳли деҳа, хусусан тӯйҳо барои ободонии кӯчаҳо бо розигии соҳибтӯйҳо барои корҳои ободонии деҳа маблағи муайян масраф карда мешавад. Акнун ба ҷои оши наҳор, ки пештар соҳибони тӯй барои баргузории он маблағи зиёд сарф мекарданд, ба суратҳисоби кумитаи маҳалла як маблағи муайян мегузаронанд.
Ҳамин тариқ дар муддати кўтоҳ аз ҳамин ҳисоб аксари кӯчаҳои пурлой ва таъмирталаби деҳа сангфарш ва шағалпӯш карда шуданд. Дар кори тахту ҳамвор кардани роҳҳо мардуми деҳа дастҷамъона ширкат намуданд. Хусусан кори ронандагон Бобишо Икромов, Мақсуд Сайфиддинов ва Нозим Сайлов шостаи таъриф аст. Сокинони деҳа Одинаев Иброҳим, Файзуллоев Файзиддин, Камолов Аҳлиддин, Раҳимов Насим, Маҳмудов Дилшод, Назаров Фурқат, Файзуллоев Ҳасан ва Ҳусейн, низ дар кори ободонӣ фаъол буданд.
Қобили қайд аст, ки ин ташаббус дар иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” анҷом мепазирад.
Садриддин ОЛИМПУР.