ХАБАРҲО
НАҚШИ СОЛ ДАР ҲАЁТИ МО
- Подробности
- Опубликовано 11.01.2016 08:27
ҲУСНОРО ШАМСОВА, МУАЛЛИМАИ МАКТАБИ РАҚАМИ 25
Аҳли оила ва пайвандони мо ба санъат меҳру муҳаббати зиёд доранд. Падари азизи мо, ки табиатан инсони зиндадилу дӯстдори шеъру суруданд дар қалби мо фарзандонаш ҳар чанд, ки ҳар як паи кору бори гуногунем тухми санъатвариро коштаанд. Имрӯз тамоми маъракаҳои хешутабор ёру дӯстонро мо бо дастаи оилавии худ гарм мегирем. Дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия низ ширкат меварзем.
Соли 2015 ансамблии оилавии мо, ки «ШАМС» ном дорад баъди ғолиб омадан дар даври аввали фестивал -озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор гардида буд, имконияти дар даври хотимавӣ иштирок карданро пайдо намуд. Дар ин давр ман бо суруди «Модар» баромад кардам, ки боиси баҳои баланди аъзои ҳакамон гардида, сазовори ифтихорномаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофот шудам. Ин лаҳза бароям беҳтарин лаҳзае буд, ки дар соли 2015 дар китоби қалби ман нақши заррин баст.
ЗУЛФИНИСО АБДУРАҲМОНОВА, МУАЛЛИМАИ МАКТАБИ РАҚАМИ 12
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Дар ҳақиқат барои падару модар аз фарзанд дида чизи беҳтарину ширинтарину азизтарин нест. Ва барои ман соли 2015 аз он ҷиҳат фаромўш нашаванда гардид, ки духтарчаам Ганҷинаҷонро бо ҳазор орзую нияти нек бори аввал ба мактаб бурдам.
Аз сар мову ту бигзашт як соли дигар,
Рӯзи нав омад ба миллат бо сару ҳоли дигар.
Осмон амсоли модар орд пошад рӯи раҳ,
Зиндагӣ аз қисмати мо мебинад фоли дигар.
Боварӣ дорам, ки соли нав чун фоли нек зиндагии тозаеро барои ҳар якамон бозгӯ мекунад. Дар анҷоми соли кӯҳан ва оғози боз як марҳалаи тозаи зиндагӣ мову шумо бо эҳтирому эътиқод роҳ сӯи фардои дурахшон хоҳем гирифт.
Омодасоз М. ТАҒОЕВА, «НФ».