Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲА КАМБУДИҲОРО ОШКОР КАРД

Дар маҷлиси васеъи назди  раиси ноҳия, ки бо иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия давоми   нуҳ моҳи  соли равон мавриди    муҳокимаи ҷиддии ҳозирин  қарор дода шуд.  Баромадкунандагон муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А., муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва  Раҷабзода С.Б. назди ҳозирин аз дастоварду камбудиҳои   ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия     ҳисобот доданд.    Маърӯзачиён асосан атрофи камбудиҳои  ҷойдошта ва роҳҳои ислоҳи он  ҳарф заданд. Бахусус муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А. сари ислоҳи камбудиҳои дар соҳаи кишоварзии ноҳия мавҷуд буда, хусусан аз корҳои нокифоя дар соҳаи  картошкапарваӣ, бунёду нигоҳубини боғҳо ва кори чорводорон   бо мисолҳои мушахас сухан гуфт. Беаҳмиятӣ дар бунёди боғҳои нав ва  нигоҳубини он таъкид гардид. Қайд шуд, ки қариб сӣ фоизи дарахтони боғи навбунёди  Даштимарзо аз  бемасъулиятии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ин мавзеъ ва масъулини соҳа хушк шудааст. Сари масъалаи бунёди боғҳои нав дар оянда ҷиддӣ бояд андеша кард, зеро масъулияти бузург, иҷрои супориши Сарвари давлат бобати ба чор ҳазор гектар расонидани бунёди боғҳои нав дар ноҳия ба зиммаи  хоҷагидорон  меистад, таъкид намуд Акрамзода З.А.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ пас аз ҳисоботи  муовинон сабабҳои  роҳ додан ба камбудиҳо ва ислоҳи онро  аз баромадкунандагон ва масъулини соҳаҳои мазкур пурсон шуд. Барои ислоҳи саривақтии  камбудиҳои ҷойдошта  раиси ноҳия ба масъулин муҳлат дод. Бахусус раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ  дар  иншооти соҳибкорон ва фаъолияти  созандагии соҳибкорон ҷиддӣ сухан гуфт. Зеро кори хубу  босамари соҳибкорон  ба  ғанӣ гардонидани буҷаи ноҳия , иҷрои саривақтии ҳамаи намуди андозҳо ва  таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Раиси ноҳия Раҷабзода М.  таъкид кард, ки дар семоҳаи чоруми  соли равон бояд  бо меҳнати созанда натиҷаҳои чашмрасро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият ноил шуд  то соли равон сазовор  ҷамъбаст гардад. Ин нукта   бояд мақсаду мароми ҳар як сокини ноҳия бошад.


“НФ”.