Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

АССОСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОН ТАШКИЛ ШУД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  вохӯрии раиси  ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Миралӣ Раҷабзода бо соҳибкорон   доир гардид. Дар вохӯрӣ  зиёда аз 80 нафар соҳибкорон ва масъулини ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти андоз, молия ва    раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия    ширкат доштанд.  
 Чи тавре  зимни оғози вохӯрӣ раиси ноҳия М. Раҷабзода таъкид кард, мақсад аз баргузории ин вохурӣ   дастгирии  сохибкорон   ва   инчунин аз наздик ошно шудан бо фаъолият  ва мушкиилоти      онҳо буд.
Дар  баромади худ раис  кайд кард, ки имрўз дар шахраку деҳоти ноҳия бисёриҳо   ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул ҳастанд  ё худ шуданиянд. Аз ин хотир раис   бисёр тавсияҳо оиди рушди соҳибкорӣ дода, таъкид намуд, ки пеш аз ҳама барои истеҳсол ва  коркарди меваю сабзавот  иншоотҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои хурди коркарду истеҳсолро зиёд намудан зарур аст. Зеро тавассути  васеъ намудани истеҳсолот шумораи ҷойҳои корӣ   ва даромаднокӣ хоҳад афзуд.   Айни ҳол  соҳибкорон бештар ба  тиҷорат шуғл доранд.
Боиси қайд аст, ки айни ҳол дар ноҳия беш аз 200 корхонаҳои хурду калон хусусӣ шудааст. Як қисми корхонаҳои хусусӣ гардонидашуда, корро хуб ташкил намудаанд ва ҳамин аст, ки  сатҳи  зиндагии кормандонашон рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. ҶСШК «Мурғи ҳилол» иқтидорҳои худро дар натиҷаи ҷалби  инвеститсияҳои  беруна ба кор дароварда, натиҷаҳои назаррасро  ноил мешаванд. Ва имрӯз манбаи асосии  истеҳсоли гӯшту тухми парҳезӣ дар миқёси кишвар гардидааст.
Мутаассуф,  қисмати зиёди  корхонаҳо   баъди хусусӣ гардидан аз фаъолият бозмондаанд ва ё мувофиқи иқтидорҳои худ маҳсулот намебароранд.
-Бояд соҳибкорон дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии  ноҳия саҳми назаррас гузошта, дасти саховати онҳо чи дар маҳали истиқомати худ ва ё дар  дигар масъалаҳои   ноҳия ба чашм расад. Метавон имрӯз номи бисёр  соҳибкоронро чун Ҷамшед ва Субҳиддин Ғафуровҳо, Манучеҳр Каримов,  Қудратулло Ниёзов, Шамсиддин Абдураҳимов ва чандин дигаронро  номбурд, ки саҳми хешро дар пешрафти  ноҳия ва баргузории чорабиниҳо  мегузоранд, -таъкид дошт  раиси ноҳия.    
Боиси қайд аст, ки имрӯз дар ноҳия зиёда аз  3 ҳазору 69 соҳибкор, аз ҷумла 2952 шахси  воқеъӣ ва 14 шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин 103 нафар бо патент ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд, ки    ҷиҳати истеҳсол ва паст намудани нарху навои маҳсулоти истеҳсолшаванда, зиёд намудани  ҷойҳои нави корӣ ба зиммаи онҳост.  Ҳамин буд, ки  бо таклифи соҳибкорон барои таҳияи барномаҳои рушди соҳибкорӣ ва мусоидат ба пешрафти кори онҳо  Ассосиатсияи соҳибкорони ноҳия таъсис ёфта, соҳибкор  Шамсиддин Абдураҳимов  бо пешниҳод ва дастгирии аксарият раиси  он интихоб гардид.
Раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода  таъкид намуд, ки  Ассосиатсия  бо шароитҳо таъмин гардида, бояд дар  пешрафти соҳа   мусоидат намояд.
Дар анҷоми  вохӯрии мазкур як қатор соҳибкорон барои беҳдошти кор таклифу андешаҳои худро баён доштанд.


«НФ».