Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

22 НАФАР СОҲИБИ КВОТА ШУДАНД

Аз интишори фармони Президенти мамлакат оиди тариқи квотаи президентӣ таҳсил намудани ҷавонони деҳот, ба хусус духтарони навоҳии дурдаст, ки бозгӯи сиёсати хирадмандонаи роҳбари кишвар баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисос дар мамлакатамон гардид, 18 сол сипарӣ шуд. Соли 1998 бори аввал зиёда аз даҳ нафар духтарони файзободӣ, ки аксарашонро таҳсил дар мактабҳои олӣ орзуи дастнорас буд, маҳз тавассути  квота донишҷӯ шуда буданд.   Айни ҳол аксари онҳо дар соҳаҳои гуногуни ноҳия ва мамлакат сарбаландона меҳнат карда истодаанд.
Ва инак чанде пеш дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ  озмуни навбатӣ миёни хатмкунандагони ноҳия  барои гирифтани квотаи   таҳсил дар мактабҳои олии мамлакат доир гардид. Имсол барои    22 ҷойи ҷудо гардида,     ба комиссияи озмунӣ зиёда аз 152 нафар довталабон  ҳуҷҷат супорида буданд. Боиси қаноатмандист, ки 22 нафар беҳтарин шогирдони мактабҳои ноҳия соҳиби  ин имтиёз гардиданд.
Чи тавре ба мо дар шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд, дар зарфи 18 соли қаблӣ  аз ноҳия беш аз 297  нафар духтарону писарон ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифта буданд, ки аксарашон бо баҳои хубу аъло донишгоҳҳоро хатм кардаанд. Айни ҳол 95 нафар ҷавонони ноҳия    таҳсилро идома медиҳанд.   
Ташаббуси сарвари давлат бобати тарбияи кадрҳои соҳибмаълумот аз ҳисоби ҷавонони навоҳии дурдаст, самараи неки Ваҳдати миллат аст , ки 18 сол муқаддам  бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар кишвар ба бор омада буд.


«НФ».