Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

БЕХАТАРӢ ТАЪМИН БОШАД

Борон меборид, мо аз ҷониби шаҳри Ваҳдат   сӯи ноҳия  раҳсипор шудем. Зимни ин сафар бо А. Мирзоев, ки айни ҳол сардори қитъаи нигоҳдории роҳҳои ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ғаюр 1-и минтақаи Файзободро ба ӯҳда дорад, суҳбат доштем.   Қитъа зери назорати онҳо буда,  дар маҷмуъ 76 киллометрро дар бар мегирад ва онҳо тавонистаанд  давоми фаъолияти худ  роҳҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то ки ронандагону мусофирон сари вақт  ба манзили хеш расанд.  Коргарони корхонаро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо маоши хуб ва хӯроки гарм таъминанд.
-Коллективи коргарони  мо фасли зимистону баҳорро хуб сипарӣ намуданд.     Махсусан дар  баҳор  боришот ва лағжиши замин махсусан дар минтақаҳои Файзободу Обигарм бештар ба назар мерасад. Аз ин хотир кормандони мо доимо дар ҳолат омодабош  қарор дошта, тадбирҳои зарурӣ  андешанд, ки бехатарии роҳ таъмин бошад, -мегӯяд А. Мирзоев.


Исмоил МУҲИДДИНОВ.