ХАБАРҲО
ОБ НИШОНИ ХУРРАМИСТ
- Подробности
- Опубликовано 23.06.2015 11:51
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия имрӯз 6055 гектар заминҳои корамро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Заминҳои мазкур ба воситаи шаш адад шабакаҳои обёрӣ, чор адад пойгоҳҳои обкашӣ ва дувоздаҳ адад чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешаванд. Масъулини корхона чун ҳамасола бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзони ноҳия шартнома баста аз рӯи нақша ба онҳо оби полезӣ медиҳанд. Дар ин давра каналҳои Гумбулоқ ба масофаи 1100 метр ва барқарорсозии сарбанд ба масофаи 200 метр, Хамисавра 750 метр ва канали ҷамоати шаҳраки ноҳия ба масофаи 960 метр аз ҷониби кормандони соҳа тоза ва коршоям гардонда шуданд. Дар маҷмуъ бошад имсол зиёда аз 3600 метри мукааб каналу заҳбурҳо тоза ва барқарор карда шудаанд.
Мувофиқи нақша имсол бояд масъулин ба кишоварзони диёр 5 миллион метрии мукааб оби полезӣ диҳанд. То имрӯз хоҷагидорони ноҳия зиёда аз 1 миллиону 760 ҳазор метрии мукааб оби полезӣ истифода кардаанд. Ва масъулин итминон доранд, ки то охири сол кишоварзони диёрро бо оби полезӣ таъмин менамоянд.
Дар сурат: Амиршо Ҳусейнов дар пешрафти корҳои идораи мазкур саҳми назаррас дорад.
Собир РОЗИҚОВ,
хабарнигори «НФ».