Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

“ОЗМУНИ ГУЛАРЎСАК”

Бахши кор бо занон ва оила бахшида ба эълон гардидани “Соли 2015 – соли оила” ҷиҳати танзими муносибатҳои оилавӣ, ҷалби духтарон барои идомаи таҳсил касбомӯзӣ, баланд бардоштани санъату маданияти либоспӯшии занону духтарон ва наафтидан ба доми хурофоту ифротгароӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Инчунин баҳри пойдории оилаҳо ва ҷалб намудан ба санъату фарҳангӣ миллӣ дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ озмунҳои  “Оилаи беҳтарин”, “Зан – мазҳари покизагист”, “Канӣ духтарон” доир гардид.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи оиладорӣ, фарҳанги миллӣ ва омода шудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона рӯзи 10 июн байни гулдухтарони литсейи касбӣ – техникӣ ва омӯзишгоҳи тиббии ноҳия дар толори ЛКТ озмуни “Гуларӯсак” баргузор гардид.
Дар озмун Райҳона Собирова, донишҷӯйи бахши 1 омӯзишгоҳи тиббӣ ва Лайлӣ Раҳмонова, донишҷӯйи бахши 3 ЛКТ ҳунарнамоӣ карданд. Шартҳои озмун бевосита ба ҳаёти мустақилона омода гардидани иштирокчиён вобаста гардида буд. Мудири бахши кор бо занон ва оила МИҲД ноҳия Г. Халифаева фикру мулоҳизаҳояшро дар доираи баргузории чунин чорабиниҳо баён намуда, иброз дошт, ки ин озмун пеш аз ҳама баҳри пойдор намудани дӯстию рафоқат байни ҷавондухтарон, омода шудан ба ҳаёти мустақилона, пойдории оилаҳои ҷавон ва амсоли инҳо мусоидат менамояд. Дар анҷоми озмун Райҳона Собирова сазовори ҷойи аввал ва ба Лайли Раҳмонова сазовори ҷойи дуюм гардида соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

М. ШАРИФОВА,
мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила.