ХАБАРҲО
ВАКИЛОН РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАРО ОМӮХТАНД
- Подробности
- Опубликовано 23.06.2015 11:34
Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир гардид, сараввал масъалаи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раис ба ҳозирин директорони навтаъингардидаи Муассисаи давлатии «хоҷагии манзилию коммуналӣ» Розиқов Музаффар Эрагашевич ва директори хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А. Назиров Насриддинов Эмомиддинро шинос намуда, барои пешрафти кор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур дод.
Сипас дар маҷлис рафти иҷрои “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” мавриди муҳокимаи ҳозирин қарор гирифт. Бори аввал дар омода намудани масъалаи мазкур аъзоёни комиссияи доимии маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон, занон ва оилаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҷалб гардида буд. Аъзои комиссияи мазкур Басбӣ Раҳимова атрофи корҳои анҷомдодашуда дар рафти татбиқи Барномаи мазкур гузориш дод.
Аз ҷумла Б. Раҳимова қайд кард, ки дар асоси барномаи мазкур қарори раиси ноҳия аз 25 январи соли 2013, №32 ба тавсиб расидааст ва нақша – чорабиниҳо иборат аз 24 банд тасдиқ карда шудааст. Айни ҳол дар ноҳия 34657 нафар ҷавонони то сисола фаъолият доранд. Дар доираи иҷрои барномаи мазкур шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, беморхонаи марказӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, комиссариати ҳарбӣ, ШВКД дар ноҳия, КДФ БММҒ ва бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нақша -чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳои амалиро ба иҷро расонидаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ моҳи ноябри соли 2014 дар мавзӯи ВИЧ/СПИД “Вабои аср” ва пешгирии нашъамандӣ конфренсияи илмӣ – назариявӣ бо иштироки пизишкон ва ҷавонон баргузор шуда, таваҷҷуҳи бисёриҳоро сари мушкилоти мазкур ҷалб кард. Таҷлили 10 – солагии ансамбли “Шашмақом”-сароён дар сатҳи баланд доир гардид, ки ташрифи намояндагони якчанд Вазорат ва 7 нафар раисони ноҳияҳои тобеи марказ аз масъулияти баланду ҳунари волои ҷавонони ноҳия дарак медиҳад.
Таҷлили “Рӯзи оила” бо иштироки оилаҳои намунавӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳия соли равон хотирмон баргузор шуд.
Дар самти касбомӯзии ҷавонони ноҳия низ аз тарафи ЛКТ -24 ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда танҳо дар давоми соли 2014, 216 нафар ҷавонон ба таълими касбӣ аз рӯи 11 ихтисос “Боғпарвар”, “Қаннод”, “Бофанда”, ”Дӯзанда”, “Занбўрпарвар”, “Муҳосиб”, “Ошпаз”, “Пешхизмат”, “Қолинбоф”, “Сабадбоф” ҷалб гардида, соҳибкасб шуданд. Инчунин дар ЛКТ – 24 ҷавонон касбҳои “Ронанда”, “Кафшергар”, “Тракторист”-ро меомӯзанд.
Бо иқдоми бахши ҷавонон баргузории як қатор мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла миёни ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ба муносибати 80 – солагии зодрӯзи собиқадори меҳнат Саидов Хушмаҳмад доир намудани мусобиқаи футбол моҳи феврал-апрел боиси қайд аст. Ҳамчунин бо ташаббуси ҷавонон Ғафуров С, Каримзода М, Ҳоҷи Қудратулло Ниёзов дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронидани мусобиқаи гўштингирӣ ба ифтихори иди Наврӯз бозгӯи фаъолияти хуби онҳост.
Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари иҷрои чорабиниҳои дар боло ишора шуда, барои пурра иҷро гардидани барномаи мазкур ҳанӯз камбудиҳои зиёд ба чашм мерасанд. Аз ҷумла даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар сатҳу сифати зарурӣ иҷро намегардад. Чорабиниҳои “Ватанпарвар” оиди тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон аз тарафи мутасаддиён мақсаднок бо иштироки ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида намешавад. Ҳанӯз ҳам маърифати оиладории ҷавонон дар сатҳи зарурӣ нест. Ҳамин аст, ки аз 98 оилаи вайроншуда дар соли 2014 71- тоаш оилаҳои ҷавон мебошанд. Соли ҷорӣ бошад аз 31 оилаи то имрӯз вайроншуда, 21-тоаш оилаҳои ҷавон мебошад, ки 6 оилааш ҳанӯз фарзандор нест. Гуфтан ба маврид аст, ки на дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар самти татбиқи барнома хуб кор кардаанд. Аз вохӯриҳои раиси ноҳия бо сокинони ҷамоатҳои деҳот бармеояд, ки нисбати ҷавонон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот кам ғамхорӣ зоҳир менамоянд. На ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҷойҳои дамгирию фароғатӣ барои ҷавонон доранд.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси нигаронии мост ин гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҳамчунин иштироки онҳо дар ҷангҳои дохилии мамлакатҳои исломӣ мебошад. Айни ҳол миёни 300 нафар ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои мамлакатҳои Ироқу Шом ва Сурия иштирок доранд, мутаассифона ҷавонони ноҳияи мо низ ҳастанд, иброз дошт дар анҷоми баромади худ Б. Раҳимова.
Сипас Раҷабзода М. барои анҷоми бомуваффақонаи Барномаи мазкур ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастурҳо дод.
Сархатиби ноҳия Носирхуҷа Раҳимов ҳозиринро ба муносибати моҳи Рамазон табрик гуфта, аз фазилатҳои ин моҳи муборак сухан гуфт.
Дар хатми маҷлис раиси ноҳия бори дигар аз ҳозирин иҷрои саривақтии супоришҳои ба зимма доштаашонро тақозо кард.
“НФ”.