ХАБАРҲО
ИН ВАТАНРО МО, ҶАВОНОН, САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ
- Подробности
- Опубликовано 12.06.2015 11:03
Тибқи нақша чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» дар ноҳия бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд.
Сайёҳат ба пойгоҳи Маркази таҷрибавии боғпарварӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо, ҷавонон, сабзу хуррам мекунем» ва шиносоӣ бо навъ ва ҳолати дурнамои боғпарварӣ дар ноҳия яке аз бахшҳои чорабиниҳо ба ҳисоб мерафт. Ин иқдом дар доираи Барномаи рушди туризм ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ноҳия, ҳифзи табиат ва ҷалби ҷавонон ба ҳифзи бойигариҳои табиӣ, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани фазои экологӣ ва ба ин восита тарбияи намудани онҳо дар руҳияи зебоипарастӣ мусоидат намуд.
Баргузор намудани рӯзи дарҳои кушоди тамошои осорхона, ки ҳамасола 18-уми май дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад ва мавзеъҳои таърихии ноҳия давоми чорабиниҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳию хештаншиносӣ ба ҳисоб мерафт.
Баргузории озмуни ноҳиявии «Канӣ духтарон» дар ҷамоатҳои деҳоти Мискинобод ва Дӯстмурод Алиев, озмуни мусаввирони ҷавон зери унвони «Дунёи ҷавонӣ» ба мақсади дастгирии мусаввирон ва эҷодкорони ҷавон дар доираи Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон доир шуд.
Иштироки ду нафар ҷавони соҳибистеъдод ва бо сертификат сарфароз гардонида шудани онҳо дар аввалин форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷавонон-нерӯи рушди зеҳнии кишвар» басо хотирмон буд.
Марафони дави ҷумҳуриявӣ , ки мақсад аз баргузории он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба парчами миллист, ҳамчунин чорабинии «Рӯзи дави миллӣ» таҳти унвони «Ҷавонон-ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» доир шуд, бори дигар гувоҳ аз он аст, ки ҷавонони ноҳия ба варзиш дилбастагии зиёд доранд.
Тибқи анъана рӯзи 23-уми май ҷамъбасти чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ барои ҷавонони ноҳия бо иштироки доираи васеъи ҷавонон баргузор шуд. Дар он баъди табрикоти расмӣ ҷоизадорони мусобиқаву чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар анҷоми моҳи ҷавонӣ рӯзи 30 май чорабинии фарҳангию фароғатии «Шоми ҷавонӣ» дар бошишгоҳи Чаноро, ки бо иштироки фаъолҷавонон ва соҳибкорони ҷавон баргузор гардид, бисёр хотирмон буд. Дар чорабинии мазкур ҷавонони ноҳия, ки дар хориҷ таҳсил менамоянд ба тариқи скайпконференсия бо раиси ноҳия мӯҳтарам Раҷабзода Миралӣ сӯҳбат намуда, қайд карданд, ки пас аз анҷоми таҳсил ба диёри худ баргашта, ба халқу ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.
Собир РОЗИҚОВ,
хабарнигори «НФ».