Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ВАШГИРД ТАЪРИХИ ҚАДИМА ДОРАД

ВАШГИРД ТАЪРИХИ ҚАДИМА ДОРАДЧанде пеш  сокини шаҳраки  Файзобод Неъматов Камол дар вақти кандани теппачае аз поёни мавзеи Дараи аловак, поёнтари деҳаи Хами себи ҷамоати деҳоти Ҷавонон  аз чуқурии 2 метр   танга ва   се кӯзачаро ёфт, ки  тахмин ба  асри 10 тааллуқ дорад. Танга дар як тарафаш расми гов дар пушташ одам савор, сӯрохичааш муҳр зада шудааст. Ин танга дар шаҳру давлатҳои Юнон истифода мешуд, ки дар он тасвири Филиппи 2 нишон дода шудааст.


  Дар ноҳияи мо ҷойҳои таърихӣ бо  бойигариҳои зиёде дар зери замин хобидаанд. Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки  бозёфтҳояшро ба осорхонаи ноҳия супорад.  Зеро ин қарзи ҳар яки мо дар зинда гардонидани таърихи диёр аст.   

Зариф Собиров, раиси ҷамъияти
ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ноҳия.