ХАБАРҲО
ИСТИРОҲАТИ БАЧАҲО ХУШ ГУЗАРАД
- Подробности
- Опубликовано 12.06.2015 10:43
Рӯзи душанбе, 1 июн дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси назоратии раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулини соҳаҳо доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ масъалаҳои ба муҳокимаи маҷлиси назоратӣ пешниҳодшударо баён намуд. Аз рӯи масъалаи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2015 мудири шуъбаи маориф Файзулло Наҷмиддинов гузориш дод.
Аз ҷумла номбурда қайд кард, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳия қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2014, №761, қарори Раиси ноҳияи Файзобод аз 23 декабри соли 2014, №1000 ва Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2015, №272 «Оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2015»-ро бо иштироки ҳамаи директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва намояндагони АВО мавриди баррасӣ қарор дода, нақша-чорабиниҳо тасдиқ гардида, корҳои амалӣ ба иҷро расида истодааст. Ҳамчунин ситоди ноҳиявии «Тобистон-2015» ташкил гардида, истироҳатгоҳи кӯдакони ноҳия «Дурахшон» таъмир ва навсозӣ шуда истодааст, шароитҳои беҳтар барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакон фароҳам оварда мешавад. То имрӯз майдончаҳо барои бозиҳои гуногуни варзишӣ, солимгардонӣ, ду ҳавзи шиноварӣ аз алафҳои бегона ва хасу хошоку лойоба тоза карда шуд. Бинои алоҳидаи суҳбат (беседка) барои қабули падару модари истироҳаткунандагон аз нав таъмир гардид. Бинои ошхона ва ҷои хоби истироҳаткунандагон таъмир шуда истодааст, сохтмони бинои иловагӣ барои 40 ҷои хоб (масоҳати умумиаш 90 метри мукааб), ки соли 2014 бо дастгирии «Саховатмандони диёр» оғоз гардида буд, идома дорад. Барои таъмири истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар соли 2015 аз буҷаи ноҳия 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Инчунин, бо мақсади дуруст ва дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакон ва наврасон дар соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳия дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 170275 сомонӣ маблағ ҷудо гадидааст.
Имсол тибқи нақшаи муштараки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи иттифоқи касабаи маориф аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар ду баст 260 нафар кӯдакон дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» ба таълиму тарбия ва истироҳату фароғат фаро гирифта хоҳанд шуд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасонро пурра таъмин менамояд ва барои самаранок гузаронидани корҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳ бо кадрҳои омӯзгорӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тибқи нақша дар мавсими истироҳатии кӯдакон гузаронидани шабҳои саволу ҷавоб, конференсия, озмуни кашидани расми беҳтарин дар мавзӯи «Табиати диёри ман», иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон - исми ман», чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва вохӯрӣ бо собиқадорони меҳнат ва ашхоси иззатманд дар назар дошта шудааст.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,2,3,7,9,10,21,54,55 ва 59 майдончаҳои солимгардонӣ ва дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии дигар бошад лагерҳои фароғатӣ ташкил карда мешаванд.
Дар анҷоми гузориши худ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ф. Наҷмиддинов ҳозиринро боварӣ бахшид, ки истироҳати тобистонаи мактабиёни ноҳия соли равон дар сатҳи баланд ва хотирмон мегузарад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия М. Раҷабзода зимни муҳокимаи масъалаи мазкур таъкид бар он дошт, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону аҳолӣ низ барои дар сатҳи баланд ташкил намудани давраи тобистони бачаҳо саҳмгузор бошанд.
Раҷабзода М. аз он изҳори таассуф намуд, ки аз 23 нафар ятимони кули ноҳия то ба имрӯз ба номи ягон нафарашон суратҳисоб кўшода нашудааст. Ин камбудӣ дар кутоҳтарин фурсат бояд ислоҳ гардад. Суратҳисоби ятимони кул бояд аз ҳисоби масъулину ашхоси саховатпеша ғанӣ гардад.
Раиси ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия А. Бӯриев аввалин шуда, барои 1000 сомонӣ гузаронидан ба суратҳисоби онҳо иқдом намуд.
Директори хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А. Назиров, Ғаюрбек Улфатов дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд. Хизматҳои Ғ. Улфатовро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ раиси ноҳия қайд намуда, номбурдаро бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва туҳфаҳо қадрдонӣ кард.
Натиҷаҳои тафтиши анҷомдодаи намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки моҳи феврали соли равон дар ноҳия анҷом ёфта буд, намояндаи ин ниҳод Ҳамидзода Зоир Ҳалим манзури ҳозирин гардонда қайд намуд, ки сарфи маблағҳои буҷетӣ бояд таҳти назари масъулин қарор дода шавад.
Раиси ноҳия дар анҷоми маҷлис барои ҳалли масъалаҳои ободонию ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани кишти картошкаву дигар полезиҳо ва ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия анҷом додашуда, масъулинро дастур дод.
«НФ».