ХАБАРҲО
БОНУВОН БА ДОД ОМАДААНД
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2019 09:14
Агар гӯем, ки сокинони кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуннисо дар панҷ-шаш соли охир рӯи оби сериро надидаанд, шӯхӣ нафаҳмед. Чунки, охир, мувофиқи талаботи беҳдошти санитарӣ дар як шабонарӯз барои эҳтиёҷоти як одам камаш 200 литр об зарур аст.
(Дар шаҳри Душанбе ба ҳар нафар беш аз 1000 литр об рост меояд). Аз куҷо сокинони ин ду кӯча аққалан 200 литр об бигиранд, ки аз ҷумакҳои бефишор рӯзе ҳатто баробари эҳтиёҷоти ду-се нафар узви хонадон об намерезад. Нашудааст рӯзе, ки дар ҳамаи хонаҳо об давоми ду-се соат якмаром ҷорӣ шуда бошад. Хайрият дар кӯчаи Айнӣ чор тани савобгир чоҳ кандаанд ва мардум ба қадри зарурат об мегиранд.
Аз ҳафтаи охири моҳи январ ва даҳ рӯзи моҳи феврал ба аксар хонаҳо қатрае ҳам об наомад. Ҳар саҳар занҳои кӯча зарфҳо бар даст ин тарафу он тараф об суроғ мекунанд. Сарсонию саргардонӣ бонуҳоро ба дод овардааст, ки ба суроғаи ким-кимҳо «дашному ҳақорат» мефиристанд. Ҳоли зори онҳоро дида кас ба чунин андеша меравад: ин хушунат нисбати бонувон аст!
Соли 2015 идораи нашрияи «Набзи Файзобод» вобаста ба доду «фиғон»-и мардуми шаҳрак доир ба ҳолати хати оби «Ҳафтчашма» таҳқиқоти журналистӣ гузаронда, сирру асрори нарасидани оби нӯшокиро кушод ва бо бонги изтироб маводи дусаҳифагӣ чоп кард. Роҳбарони ҳамонвақтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилии коммуналӣ» «мӯза пӯшида» ду-се рӯз паи ислоҳ камар бастанд. Вале чанде нагузашта «чӣ мехонӣ, порсола» шуд.
Мегӯянд, ки «Он чи аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст?» Гапро дароз накарда, аз директори муассиса муҳтарам Мансур Раҳимов пурсиданием: «Магар намешавад, ки дар рӯзҳои кор накардани ҷумакҳо рӯзе аққалан як-ду мошин об ба ин кӯчаҳо фиристед?»
Ҷ.БАҲОРОВ, «НФ».