ХАБАРҲО
ОМОДАГӢ БА БАҲОР
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2019 09:07
Бо ибтикор шуъбаи муҳофизати муҳити зисти ноҳия соли гузашта 4921 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда сабз гардид, ки аз ин миқдор 1406 бехи он арчаҳои ороишӣ буда, дар қад-қади шоҳроҳ шинонда шудааст.
Сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд дар ин самт ҳиссаи калон доштанд.
Ҳангоми суҳбат раиси шуъбаи муҳофизати муҳити зисти ноҳия Эмомалӣ Ҷомаҳмадов иброз намуд, ки то ҷашни Наврӯзи хӯҷастапай дар ҳудуди ноҳия ба миқдори 91 ҳазор ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонида мешавад. Алҳол сокинони ноҳия бо омад-омади фасли баҳор ва Наврӯз омодагӣ мегиранд.
Сокинони ноҳия, алалхусус деҳқонони Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А. Назиров дар баробари шинонидани дарахтони сояафкан дар шоҳроҳ, талу теппаҳо, инчунин дар майдони 50 гектар боғҳои нав бунёд карданианд.
Ҳоким САФАР.