Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

НАВГОНИҲО

  • Соҳибкор Ҳакималӣ Одинаев, ки чанд сол пеш ошхонаеро дар байни дарахтзор бо хӯрокҳои хуштаъм гардон карда буд, чанде пеш дар даромадгоҳи боғи ошхона, канори шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ нонвойхона сохт. Инҷо ҳунармандони хуб кор мекунанд. Нону кулчаҳояшон, ки маззаи гуворо доранд, ба харидорон, хусусан сокинони Меҳробод хеле маъқул аст.
  • Мардуми Устошамс аз мавзеи Себзор ба деҳаашон оби нӯшокӣ (дарозиаш 600 метр) оварданд.
  • То ин дам баъзе кӯчаҳои Калшодӣ (имрӯз Шифобахш) сангфарш набуд. Аз ин сабаб мошиндорон дар баҳору зимистон назди хонаҳояшон рафта наметавонистанд. Бошандагон тасмим гирифтанд, ки ба роҳҳои мошингузар сангу шағал кашонанд. Минбаъд дар тамоми фаслҳои сол мардум бемалол дар роҳҳои осонгузар рафтуо хоҳанд кард.
  • Дар ду канори шоҳроҳ дар ҳудуди деҳоти Меҳробод беш аз 5 ҳазор арчаи ҳамешасабз қомат афрохтаанд. Ба ин шумора боз 500 адад арчаи дигар зам шуд, ки дар ҳафтаҳои охири фасли зимистон  шинонда шуд. Дар хусуси ин навгониҳо раиси Ҷамоати деҳоти Меҳробод Нурулло Хайруллоев хабар дод.

Зариф СОБИРОВ, хабарнигори ҷамоатии «НФ