Сб12142024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2019

Ҳамдиёрони азиз!

Баъди чанде  мо ба соли нави 2019 ворид мегардем.

Соли 2018 барои Ҷумҳурии тоҷикистон пур аз воқеаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва файзу барор буд. Он бо рӯйдодҳои муҳими фарҳангию сиёсии худ дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ватанамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Дар ин сол таҷлил  гардидани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии Ваҳдати миллӣ, таърихи бою рангини Ватанамонро бо саҳифаҳои наву фараҳбахш боз ҳам рангинтар гардониданд.  Хусусан 16-уми ноябри соли равон дар натиҷаи тадбирҳои муназзами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо хурсандибахш ва шодӣ ботантана ба истифода дода шудани нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун ва26 декабри соли 2018 ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз муҳимтарин воқеаҳои иқтисодию сиёсии кишварамон дар соли 2018 маҳсуб меёбанд.                      

Соли 2018 чун дар тамоми кишвар, барои сокинони ноҳияи Файзобод соли пурфайзу бобарор буд. Дар ин давра дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, даҳҳо иншооти маъмурию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар соҳаҳои иқтисодии ноҳия, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, фарҳангу маънавиёт пешравиҳои дилхоҳ ба даст омаданд.

 Дар ин сол дар ноҳия соҳибкорӣ рушди тоза касб намуда, иштироки бахши хусусӣ ва сокинони ноҳия дар ободонии диёр боз ҳам беҳтар гардид. Дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш корҳои тахту ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардида, беш аз 40 ҳазор адад дарахтони  ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуданд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия зиёда аз  100 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулбуттаҳо  шинонида шуд. Дар марказҳои ҳамаиҶамоатҳои деҳот хатҳои равшаннамоӣ сохта шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби маблағҳои соҳибкорону сокинони маҳалҳо дар деҳаҳори Бобои валӣ, Меҳрободи боло, Навобод, Шукурӣ ва Баҳористон муассисаҳои таълимӣ сохта шуданд. Роҳҳои деҳаҳои Навобод, Элок ва кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Зебуниссо мумфарш карда шуда, даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо ҷалби лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ марказу бунгоҳҳои саломатӣ сохта таҷҳизонида шуданд.

Дар давоми сол андешида шудани як қатор тадбирҳо ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Нақшаи корҳои ободонию бунёдкории ноҳия ҷиҳати амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018   № АП-1059, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шуда буд, дар бобати иҷрои корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия ва ба даст овардани як қатор пешравиҳо мусоидат намуданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2019 барои сокинони мамлакат соли муҳими сиёсӣ хоҳад буд. Зеро дар ин сол мардуми кишвар 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 22-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд Бояд гуфт, ки соли оянда дар назди сокинони ноҳия ҷиҳати иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, вазифаҳои ниҳоят зиёду масъулиятнок меистад. Алалхусус корҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як сокини ноҳия ҷидду ҷаҳди зиёд ва меҳнати аҳлонаро талаб менамояд.

Мо аминем, ки соли 2019 барои ноҳия соли пур аз дастовардҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, соли ободию шукуфоӣ ва соли файзу баракат мегардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо чунин таманниёти нек фарорасии соли нави мелодии 2019-ро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи ҳамдиёрон саломатӣ, бахту саодат, бурдбориҳо  ва ба ҳар як хонадони ноҳия файзу баракат орзу менамоям.

Бигузор соли нави 2019 барои ҳар яки мо соли барору комёбиҳо гардад.

Соли наватон муборак ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!