Сб12142024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

САРДХОНА ҲАСТ, ГАРМХОНА НЕ

«Набзи Файзобод» аз иқдоми хуби ташкили сардхонаҳо навишта буд. Айни ҳолдар ноҳия 5 адад сардхона мавҷуд аст. Воқеан, чунин иншоот дар шароити иқлими Файзобод чун обу ҳаво даркор. Зеро меваю сабзавоти ҷамъоварикарда талаф наёфта, вақти дилхоҳ ба фурӯш бароварда мешавад.

Мо дар Меҳробод дар хонаи Нусратулло Собиров гармхонаи хурди ғунҷоиши чордаҳ тана лимуро дида, хеле ҳавас кардем, ки чаро чунин кори хуби манфиатнок оммавӣ, ба ифодаи дигар, сершумор нест? Лимуҳои Нусратулло Собиров 2-3 ҳазор дона ҳосил медиҳанд. Зери дарахтон гашничу пиёз кабутӣ мекард. Сӣ - сиву панҷ сол боз шаҳди лимухонаро чашида, ҳашт сол пеш ба ҷои дарахтони пиршуда ниҳолҳои нави лиму шинондам, - мегӯяд Н.Собиров.  

Ҳамин таваҷҷуҳ моро ба раёсати кишоварзии ноҳия бурд, то бифаҳмем, ки дар куҷо гармхона ҳасту ба чӣ миқдор манфиат медиҳад. Қабл аз рафтан тахмин задем, ки дар ягон минтақаи ноҳия гармхона нест, бошад ҳам, дар масоҳати хурд, танҳо барои таъмини як хонавода аст. Тахмин дуруст баромад.

Сардори тазотаъйини раёсати кишоварзӣ Имомиддин Насриддинов мавҷудияти  гармхонаҳоро ба манфиати пешравии рӯзгор арзёбӣ кард. Ва аз он ки то ин вақт ягон хоҷагии кишоварзӣ чунин иқдом пеш нагузоштааст, таассуф хӯрд. Сарвари кишоварзони ноҳия гуфт, ки аз ин хусус дар маҷлиси назоратӣ «масъала ба миён» мегузорад.

Аз ҳалли масъала, яъне ташкили гармхонаҳо, умедвор будан мумкин. Вале мо инҷо мақсади худро баён карданием. Баёни гап ба чунин маънист, ки дар фасли зимистон бозоршинҳояк бандча пиёзи иборат аз панҷ ададро як сомонӣ нарх мегузоранд, чунки ин маҳсулотро аз шаҳри Ваҳдат ё Душанбе меоранд. Нархи дигар кабудиҳо низ ҳамин ранг аст. Нархи донаи лиму то 3-5 сомонӣ боло меравад. Саволе меафтад: чаро дар шаҳри Ваҳдат даҳҳо адад гармхона, – баъзеаш дар масоҳати 1-2 гектар, - мавҷуд асту дар Файзободи ноҳияи аграрӣ ҳатто як адад чунин иншоот вуҷуд надорад.

Ҷойи дурӯғ нест, ки дар шаҳру ноҳияҳои дуру наздики Файзобод қиматтарин бозор бозори ноҳияи мост. Яке аз сабабҳояш ҳамин аст, ки аз аввали баҳор то охири тирамоҳ картошкаю сабзию пиёзу гашнич, дигар сабзавоту зироатҳои полезиро аз дигар ҷо ворид мекунанд. Маҳсулот худӣ бошаду фаровон нархаш арзон мешавад. Ин ҳам ба фоидаи тоҷир асту ҳам ба фоидаи харидор.

Мардуми Файзобод бояд донад, ки харбузаи пешпазак (ҳандала), помидору бодиринги водии Вахш зери плёнкаҳои полиетиленӣ парвариш карда мешавад. Ва, мо, файзободиҳо дар аввали баҳор ҳар кило помидору бодиринги ин минтақаро 15-20 сомонӣ мехарем.  

Тавре фаҳмидем, бо кӯмаки Барномаи ҷонибдории инкишофи кӯҳистон (фонди Оғохон) дар як-ду минтақаи ноҳия гармхонаҳои хурд бунёд кардаанд, ки танҳо эҳтиёҷи даҳ-бист нафарро қонеъ мекунанд.

Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки ба бунёди гармхона он қадар маблағ сарф намешавад, ки миёншикан бошад. Дар ибтидо ташкили аввалин гармхонаҳои на чандон калон сабаби ҳавасмандӣ хоҳад гардид. Манфиатҳои аввалин, боварӣ дорем, боиси равнақи кишоварзии ба истилоҳ «зимистонӣ» мешавад.

Зариф СОБИРОВ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

                                               Ҷ.БАҲОРОВ, хабарнигори «НФ».