ХАБАРҲО
ШУКӮҲИ МИЛЛАТ
- Подробности
- Опубликовано 28.11.2018 10:11
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми майи соли 2007 таҳти №254 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид ва аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Дар моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Парчам дар болои пештоқи биноҳо ва ё ба пояи махсус дар назди қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иншооти давлатӣ ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат афрохта мешавад.
Моддаи 11-и қонуни мазкур бошад, маънидод менамояд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бешак, Парчами давлатии Тоҷикистон, чун рамзи истиқлолият, бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамадунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Гиромидошти Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаи Ваҳдат, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад. Чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фарахбахшу гуворо ҷилвагар шуд.
Х.Х. ШАРОФЗОДА, котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Файзобод.