Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

РОҒУН - МАНБАИ НУРУ ЗИЁ

 

РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ НОҲИЯ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат  баҳри таъмини зиндагии сазовору шоистаи мардуми кишвар ҷаҳду талош варзида, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакатро эълон намуд ва баҳри расидан ба ин ҳадаф тамоми захираву имконияти мавҷударо ба кор даровард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар ин бобат ба кор даровардани иқтидорҳои аввалини Неругоҳи барқи обии Роғунро мақсади асосӣқарор дода, дар ин ҷода пайваста талош намуданд ва рӯзи амалишавии ормонҳои чандинсолаи мардуми кишварро, сарфи назар аз ҳама душворию монеаҳо, торафт наздиктар намуданд.  Ҳар як сафари кории Президенти кишвар ва мулоқоту машваратҳои ӯ бо сохтмончиён онҳоро дар роҳи иҷрои муҳимтарин корҳои сохтмонӣ рӯҳбаланд гардонида, азму ирода ва боварии онҳоро ба амалишавии ниятҳояшон қаввитар мегардонид.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои худ бо ба кор даровардани чархи аввали Неругоҳи барқию обии Роғун бори дигар ба ҷаҳониён собит менамоянд, ки ин миллат ба созандагию ободонӣ, таъмини зиндагии сазовору шоиста қодир аст.

16 ноябр дар таърихи давлатдории навини мо ҳамчун рӯзи ниҳоят муҳими таърихӣ сабт гардида, дар саҳфаи рӯзгори миллати тоҷик боз як дурахшонтарин лаҳзаро зам менамояд.

Солҳо мегузаранд ва бо  гузашти вақт ин саҳфаи таърихи миллатамон дурахшонтару ҷилоноктар гардида, аҳамияту муҳимияти он аёнтар мегардад.

Расидан ба ин соати фараҳбахш аз хизматҳои бемисли Пешвои муаззами тоҷикон буда, дар роҳи расидан ба саодати миллат қадами устувор ба фардои умедбахш аст.

Бисёр рамзист, ки ин воқеаи гуворои таърихӣ ба рӯзи як ҷашни муҳим- таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ин воқеа ба ин ҷашн шукӯҳи тоза зам намуда дар саҳифаи таърихи Ватану миллат бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои наслҳои оянда ҳамчун як рӯзи таърихию фараҳбахш боқӣмемонад. Мо насли имрӯз хушбахттарин нафаронем, ки шоҳиди воқеаи ин лаҳзаҳои нодиру фаромӯшнопазир мегардем.

Имрӯз шодию хурсандии мардуми шарафманди ноҳияи Файзободро  дар қатори мардуми кишвар интиҳо нест, зеро сохтмони ин иншооти ҳақиқатан муҳимтарину азими аср барои хурду бузурги ноҳия шиносу азиз аст. Аксари сокинони ноҳия дар бунёди ин иншоот солҳо боз заҳмат мекашанд, кишоварзони ноҳия баҳри бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани сохтмончиён пайваста кӯшиш менамоянд. Як соли охир баҳри дар сатҳи арзандаву сазовор истиқбол намудани ин рӯз, дар ноҳия хайрамақдам гуфтани ҳар як иштирокчии ин маросими фаромӯшнопазири таърихӣ, истиқболи меҳмонони азизу гиромии ин чорабинӣ омодагиҳо суръати тоза пайдо менамуданд ва дар ду-се ҳафтаи охир корҳои омодагӣ вусъат гирифт: хурду калони ноҳия дар корҳои омодагӣфаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамдиёрони азизу арҷманд! Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шуморо  ба ифтихори Рӯзи Президент ва ба вуқӯъ лайвастани ин рӯйдоди таърихӣ  аз самими қалб табрику таҳният мегӯям ва барои ҳамаи бунёдкорони ин иншооти азими аср бо ифтихори бузург таҳсину офарин изҳор менамоям.