ХАБАРҲО
ҶАВОНОН ХУДШИНОС БОШАНД
- Подробности
- Опубликовано 08.10.2018 10:19
Чанде қабл вохӯрии намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират, кор бо занон ва оила ва дигар ташкилоту муасссаҳо бо сокинони кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ноҳия доир гардид.
Вохӯриро раиси Ҷамоати шаҳраки Файзобод С.Раҷабзода кушода, меҳмононро бо намояндагони аҳли толор шинос намуд. Ҷонишини раиси кумитаи амният Давлатов Азизбек маърӯза намуда, доир ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҳарф зад. Ӯ дар баромадаш ҷавононро таъкид намуд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Г. Халифаева, Ҷ. Каримов доир ба вайроншавии оилаҳои ҷавон ва бекоршавии ақди никоҳ бо занону духтарони дар толорбуда маслиҳат доданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ раиси Ҷамоати шаҳрак С.Раҷабзода баромад намуда, ҳамаи паҳлӯҳои вохӯриро пурратар миёни ҷавонон шарҳу тафсил дод.
Адусаттор ГУЛОВ, котиби Ҷамоати шаҳраки Файзобод.