ХАБАРҲО
56 ГЕКТАР БОҒИ НАВ
- Подробности
- Опубликовано 13.04.2018 14:04
Деҳқонони хоҷагии деҳқонии ба номи Исмоили Сомонӣ (раисаш Назар Самадов) аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод дар соҳаи боғпарварию картошкапарварӣ таҷрибаи хуб доштаву ҳар сол ҳосили дилхоҳи мева ва картошка ба даст меоранд. Имсол ҳам онҳо аз рӯзҳои офтобии баҳор самаранок истифода бурда, аллакай дар майдони 14 гектар боғи нав ва дар майдони 10 гектар кишти картошка гузаронида, барои ба даст овардани ҳосили баланд корҳои агротехникиро ба сомон расонидаанд.
-Мувофиқи нақшае, ки дорем, имсол дар ҳудуди ҷамоат бояд дар майдони 66 гектар боғи нав бунёд карда, 56 гектар картошка шинонем,- гуфт дар суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти Меҳробод Хурсанд Каримов.
Меҳнати босамари кишоварзони ҷамоат аст, ки айни ҳол дар майдони 56 гектар боғ ва дар майдони 42 гектар кишти картошка гузаронида, ба иҷрои нақша наздик мешаванд. Картошкашинонӣ ва ниҳолшинонӣ дар мавзеъҳои Себзор, Устошамс, Файзова ва хоҷагии деҳқонии Меҳробод (раисаш Мирзо Сафаров) суръат мегирад.