Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

НАВРӮЗИ ЧИЛЧАШМА

Агар гирдиҳамоии наврӯзии дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ барпокардаи душанбегиҳоро ба инобат гирем, ба таҷлили расмии Иди Наврӯз дар Тоҷикистон 53 сол пур мешавад. Ин гирдиҳамоӣ 22 марти соли 1965 бо ташаббуси олимони рӯшанфикру ватандӯст, адибону рӯзноманигорони шуҷоъ барпо шуд ва ҳамчун маҳфили бузурги адабӣ бо лаҳни шоирона Наврӯзи Аҷамро тавсиф мекард ва мардумро аз фарорасии мавсими кишту кор мужда медод. Дар ин маҳфили бузург бандаи камтарин, - ҳамон вақт донишҷӯи соли дувуми имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, - ҳозир будам. Аз ҷамъомадагон устод Муъмин Қаноатро, устод Лоиқро, устод Бозор Собирро, журналисти варзида Мазҳабшо Муҳаббатшоҳро мешинохтам.

Наврӯзии ҳамонсола ба осонӣ муяссар нагардида буд. Зеро сиёсати русикунонии хрушёвӣ (Никита Сергеевич Хрушёв, котиби генералии Комитети марказии Партияи коммунистии Иттифоқи Советӣ) тамоми ҷумҳуриҳои Иттифоқро фаро гирифта буду анъанаҳои халқҳои шӯравӣ, урфу одат ва забону фарҳанги мардуми ғайрирус гирифтори таъқиб қарор дошт.

Вале, хушбахтона, дар ҳамон замони «зиндонӣ» будани Наврӯз дар деҳот, хусусан музофоти Шимоли Тоҷикистон, фарорасии баҳорро истиқбол карда, бе пурсиши боло (району вилоят) фарорасии Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.

Аз ёдҳои кӯдакӣ медонем, ки дар рӯ ба рӯи мазори байни Чилчашма (Ҷойникӯдии пешин) дар теппаи миёни ду чашмаи сероб дегҳои қатор мемонданд. Сари ин дегҳо асосан кампирони дастбакор, ришсафедони нуронӣ кафлезбадасту кафгирбадаст буданд. Ғизоҳо асосан аз оши буридаю оши туппа кашку далдаю гандумкӯча иборат буд. Медидем, ки бобои Маҳмадназар, ки бригадири колхоз буд, бобои Даҳмарда, мӯсафеди навчаи нуронӣ Бобӣ яке рӯи даст тали нони чаппотӣ, дигаре бо сатили пур аз кулчаю орзуқу чагалдак байни сафи нишастагон рафтуо карда, дастурхонҳои қад-қадро пур мекарданд. Ҳар ҷо – ҳар ҷойи дастурхонҳо қандҳои сафеди похса, саманак мегузоштанд. Ҳамон вақтҳо шахси дорандатари қишлоқ акаи Тағой («Тағой начайлук» (началник)) дар доман аз хонааш қанди похса меовард.

Ин манзараҳо низ дар хотира нақш доранд, ки як тараф, тарафи офтоббаро, таги чанд дарахти тут гӯштингирӣ, онсӯтар бандкашиву хурӯсҷанг мешуд. Одатан навбати аввали мусобиқаи гӯштин аз наврасон буд. Як маҳал медидӣ, ки даста-даста бачаҳо аз теппаҳои канори дарёи Элок аз Шӯлашак, аз Дараи Дароз бо гулдастаҳои сиёҳгӯш ҳозир мешуданд. Ва аввалин гулҳоро ба модарон тақдим мекарданд. Хеле дуртар аз ҷамъи одамон, дар канори хандақи гӯристони деҳа се-чор ҷуфт барзаговҳои ҷуфтӣ бо юғу испор маҳтал меистоданд. Албатта, онҳоро одамони дар деҳқонӣ муътабар акаи Бобию Мулло Ибод, акаю додар Сафару Асо аввалин шуда ба шудгор меандохтанду ҷамъбасти кишту корро ба ихтиёри ҷавонмардон медоданд.  

Аз ҳамон маъракаҳои гӯштингирӣ ғолибияти Мулло Ибод, акаи Бобӣ, акаи Одил (рӯҳашон шод бод) дар ёдам мондааст. Мулло Ибод ҳалукҳои почасп дошт. Акаи Одил бошад, марди чолоке буд, гирди ҳарифаш сад печ тоб мехӯрд. Чанд касро паиҳам ба тахтапушт афтонданаш дар ёд мондааст.

Ҳамаи онҳо дар гӯристонҳои деҳа маскан гирифтанд ва баҳорони зиёд аст, ки рӯи марқадашон сабза медамаду хушк мешавад.