Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

“ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” ОБИ ТОЗА

Яке аз бузургтарин муъҷизаи табиат, ин офариниши об дар сайёраи замин аст. Ба ақидаи олимони соҳаи табиатшиносӣ 3 – 3,5 миллиард сол пеш аз ин организмҳои зинда маҳз дар об ба вуҷуд омадааст. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим ин ҷониб тақдири худро бо об пайваст кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадим инсоният дар соҳилҳои дарёҳои бузурги Нил, Сиру Ому,   Волга, Рейну  Дунай мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд. Норасоии оби тозаро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунанд. Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби тоза дар сайёра нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон норасоии шадиди ин неъмати Худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ масъалаи оби тоза торафт мураккабтар мегардад.  Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба оби ошомиданӣ ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш чунин қайд карданд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии оби тоза на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55, 4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳо аз ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз декабри соли 2001 таҳти № 551 «Дар бораи тасдиқи консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   қарор қабул кард.

Обро минерали нодиртарини захираҳои табиӣ арзёбӣ намудаанд. Ягон моддаи дигар обро иваз карда наметавонад. Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин муъҷизаи нодир бештар ба назар мерасад. Захираҳои оби тоза ва зулол, обҳои шифобахш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хело зиёд аст. Обҳои ошомиданӣ дар кӯлҳои Сарез, Зоркул, Яшикул, Искандаркул ҷойгир шудааст. Захираҳои обҳои Тоҷикистон бештар дар пиряхҳо дида мешавад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки асоси оби тозаи ошомиданиро ташкил медиҳад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем. Дар ин бора дар қонуни ҳифзи табиат омадааст: «Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад». Муҳимтарин роҳи ҳифзи оби тоза ин пеш аз ҳама истифодаи оқилонаи он мебошад. Тоза нигоҳ доштани оби тоза ин гарави саломатии инсоният мебошад.