ХАБАРҲО
КӮПРУКИ НАВ ДАР ЗАРКАМАР
- Подробности
- Опубликовано 12.09.2017 10:59
Аҳолии деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинобод бо маром меафзояд. Аз байни деҳа дарёчае мегузарад. Рӯзҳои боронӣ дарёча пур аз об шуда аз соҳил берун баромада, ба киштзори сокинони деҳа хисороти зиёд ворид мекард. Соҳибкор Бобокалон Ҷамилов барои мушкилоти аҳолиро осон кардан сангу шағали дарёчаро ба соҳил бароварда, соҳилмустаҳкамкуниро амалӣ карда, дар болои дарёча бо маблағи шахсиаш пули нав сохт, ки дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти кишвар мавриди истифода қарор дода мешавад. Искандар Ғайратшоев, Абдукарим Ғайратшоев, Суҳроб Ҷамилов дар сохтмони пули нав фаъолона саҳм гузоштанд.
Бобо ҲОКИМ.