ХАБАРҲО
Суҳбат атрофи қонуни миллӣ
- Подробности
- Опубликовано 12.09.2017 10:33
Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия М.Раҷабзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймони Пир, директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Баротзода ва раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, намояндагони ҳамаи сохторҳои қудратии ноҳия, раисони кумитаи маҳаллаҳо, раисони кумитаи занҳо ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ оғоз бахшида, меҳмононро бо аҳли нишаст муаррифӣ намуд.
Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймони Пир баромад карда қайд намуд, ки 10 соли амалкарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар пешрафти ҷиҳатҳои моддию иқтисодии шаҳрвандони кишвар пешрафтҳои хуберо ба бор овард. Ҳамчунин ӯ дар бораи аҳамияти ин қонун дар ояндаи ҳаёти кишвар ва зарурати тағйиру иловаҳои нав ба он, вобаста ба воқеияти давр ибрози андеша намуд.
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ дар суханронии худ бо овардани далелу бурҳонҳои аниқу қатъӣ аҳамият ва зарурати иловаҳо бар онро шарҳ дод.
Ҳамчунин директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Баротзода бо такя ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки қонуни мазкур барои арзишҳои миллию фарҳангӣ асос гузошт, суннатҳои миллию мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххас ва дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту худнамоиҳои зоҳирпарастона ва зиёдаравиро гирифт, дар як вақт ба ҷорӣ гардидани низоми тартиботии ягонаи баргузории чорабиниҳои миллию мардумӣ роҳ кушод.
Дар интиҳо раиси ноҳия Раҷабзода М. ба сухан баромада дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози назар намуда, қайд кард, ки тамоми мардуми ноҳияи Файзобод онро ба пуррагӣ дастгирӣ менамоянд.
А.ГУЛОВ, сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳраки Файзобод.