Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

КОНФЕРЕНСИЯИ НОҲИЯВИИ ҲХДТ ДОИР ШУД

30 майи соли равон конференсияи13-уми ҳисоботӣ-интихоботии  ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори конференсия вакилон  аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштирок доштанд. Ҳамчунин дар кори конференсия Зоир Ҳабибзода – мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Сафаров Зариф Шарифович узви КИМ ҲХДТ, ноиби ректори донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ  иштирок доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия А.Азизов  «Дар бораи фаъолияти кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ аз 1.10.2014 то 1.4.2017»   баромад намуд. А.Азизов зимни баромади худ иброз дошт, ки  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия фаъолияташро дар давраи ҳисоботӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, иҷрои қарорҳои Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷаласаҳои доиргардидаи Раёсатҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ, Оиннома, Барнома ва Низомномаи ҳизб ба роҳ монда, дар самти соҳибобрӯ ва соҳибнуфуз гардидани ҳизб дар ҷомеа корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ рӯйдодҳои муҳими фараҳбахши сиёсию фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳаёти сокинони мамлакат  ба вуқӯъ омад. Ин рӯйдодҳо дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо, аз он  ҷумла ҳизбиён нақши муассир гузошта, онҳоро баҳри  иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои Паёмҳои дар ин давра ироъа намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳбаланд гардонданд.  

Имрӯз дар ноҳия  шумораи аъзоёни ҳизб ба  2040 нафар  расидааст, ки   ин шумора назар ба давраи то ҳисоботӣ  1000 нафар зиёд шуда, сафҳои он рӯз аз рӯз афзун мегарданд. Ҳизбиёни ноҳия дар 42 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ташкилотҳои нави ибтидоии «молиячигӣ» ва «табиб» дар назди Раёсати молияю дармонгоҳи ноҳия таъсис дода шуд. 

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия таъсис ёфт, ки фаъолияти он ба бештар муттаҳид намудани ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнии онҳо равона гардидааст. 

Ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия  Абдулло Азизов сари баъзе камбудию норасоиҳои дар фаъолияти ҳизбиён ҷойдошта ҳарф зада барои ислоҳи он таклифҳо пешниҳод намуд.  Дар анҷоми гузориши ҳисоботӣ А. Азизов  ҳозиринро боварӣ бахшид, ки  ҳизбиёни ноҳия   ҷашни  бошукӯҳи 20-солагии Ваҳдати миллиро, ки дар арафаи он қарор дорем, бо меҳнати ҳалолу  дастовардҳои шоёни меҳнатӣ   истиқбол менамоянд.

Вакилони конференсия Г. Халифаева, М. Кабиров ва Б. Ҷонмаҳмадова суханронӣ намуда, оиди дастовардҳои ҳизбиёни ноҳия ибрози андеша намуданд.

Сипас муовини раиси комиссияи тафтишотии ҳизб  дар ноҳия Ф. Саидов аз вазъи молиявии КИ ҲХДТ  дар ноҳия назди вакилон гузориш дод.

Аз рӯи масъалаҳои баъдии  конференсия вакилон ҳайати нави КИ ҳизбиро дар ҳайати 29 нафар ва ҳайати нави комиссияи тафтишотии ҳизбро дар ноҳия дар ҳайати 3 нафар интихоб карданд.

Сафаров З.Ш. узви КИМ ҲХДТ ва муовини  раиси ноҳия Н.Раҷабова,   ки дар конференсия иштирок доштанд,   баромад намуданд.    

Дар анҷоми кори конференсия  ба   фаъолони ҳизб Сипоснома ва ба   аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

«НФ».