ХАБАРҲО
ҶАМЪОМАДИ ҶУМҲУРИЯВИИ ЧЕРНОБИЛЧИЁН ДАР НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 14.07.2017 15:08
Дар толори филармонияи халқии ноҳия, рӯзи 26 апрел бахшида ба Рӯзи байналхалқии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ конференсияи ҷумҳуриявии ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»–и Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори конференсия намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳои Ҷумҳуриҳои Белорусия, Япония, Украина дар Тоҷикистон, ҳамчунин раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 150 нафар вакилон аз ташкилотҳои ҷамъиятии чернобилчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Боиси қайд аст, ки 31 сол қабл дар бахши 4-уми неругоҳи барқи атомии Чернобил таркиши мудҳиш ба амал омад, ки таъсири манфӣ ва пайомадҳои ногувореро то ҳанӯз боқӣ гузоштааст. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи мудҳиш аз ҷумҳурии мо ҳам зиёда аз 6 ҳазор нафар сарбозони дар эҳтиётбуда сафарбар гардида буданд. Бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил аз лаҳзаҳои аввалини ба вуқӯъ омадани он, яъне аз 26 апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 сурат гирифт ва зиёда аз 1 миллион нафар дар ин минтақаи барои саломатӣ хатарноку маргбори Чернобил сафарбар шуда буданд. Конференсияи доиргардида ҳам ба 31-солагии ин фоҷеаи маргбори садсолаи бистум бахшида шуда буд.
Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни суханронии худ дар конференсияи мазкур иброз дошт, ки «таъсири фоҷиабори садамаҳои радиатсиониву атомӣ сокинони сайёраи заминро бетараф намегузорад. Бо ин мақсад бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 26 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсонӣ эълон гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбат ба ин масъала бетараф набуда, баҳри таҳкими инсондӯстиву адолат дар сайёра талош намуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Далели ин гуфтаҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштирокчиёни садамаи Чернобил» ба ҳисоб меравад.
Раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариддун Ҳакимов ҳам зимни суханронии худ дар конференсия таъкид намуд, ки аз соли 2007 инҷониб дар ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил» фаъолият дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи мазкур пайваста таҳти ҳимояи давлату ҳукумати кишвар қарор гирифтаанд.
Боиси қайд аст, ки дар баргузории конференсияи ҷумҳуриявии бахшида ба Рӯзи байналхалқии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ дар ноҳия, мо аз кӯмаку дастгириҳои роҳбарияти ноҳия, сардухтури ноҳия, бахшҳо оид ба дин, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг беҳад миннатдорем.
Ҳамчунин дар хатми кори конференсия ба иштирокчиёни садамаи Чернобил сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Убайдулло Абдуллоев,
раиси ташкилоти ноҳиявии маъюбони садамаи Чернобил.