ХАБАРҲО
ВОХӮРИИ СУДМАНД
- Подробности
- Опубликовано 14.07.2017 14:54
Имсол аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Бахшида ба ин санаи таърихӣ рӯзи 2 майи соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Хӯҷамирзода, муовини раиси ноҳия Н.Раҷабзода ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Г.Халифаева оид ба татбиқи амалии қонуни мазкур суханронӣ намуда, қайд карданд, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятӣ ва шароитҳои иҷтимоии аҳолиро ба танзим дароварда, мақсади он аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст.
Инчунин дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки айни замон аксари кишварҳои ҷаҳон пай бурданд, ки масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ва вобаста ба ин масъала аз ҷониби мақомоти қонунгузори аксар кишварҳои ҷаҳон чораҳои зарурӣ андешида шуда, қарор ва қонунҳои дахлдор қабул шуда истодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми даҳ соли амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пай бурданд, ки изофакорӣ ва харҷу масрафҳои беҳуда ба муфлисшавии буҷаи оила оварда мерасонад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин ҳоло ҳам дар аксар маврид қонунвайронкунӣ дар ин самт аз ҷониби баъзе шахсон ба чашм мерасад. Вобаста ба ин масъала моро зарур аст, ки тавассути васоити ахбори омма ва оинаи нилгун тарғиби қонуни мазкурро ба роҳ монда, дар ин самт ҷиддӣ муносибат намоем.
Шукрона аз сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шароиту имкониятҳо барои зиндагии шоиста фароҳам гардидааст. Бо пурра амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шароити зисту зиндагонии аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардид.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Н.Хӯҷамирзода ба саволҳои ҷамъомадагон посухҳои мушаххас дода шуд.
Муродбегим ҚУРБОНОВА,
мутахассиси пешбари ҷамоати шаҳраки Файзобод.