ХАБАРҲО
ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ ДАР МАРКАЗ
- Подробности
- Опубликовано 06.04.2017 09:08
Дар арафаи ҷашнгирии иди Наврӯз дар маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия озмунҳои беҳтарин дастурхони наврӯзӣ- «Ҳафт син», «Ҳафт шин» ва «Маликаи Наврӯз» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Мақсад аз баргузории озмунҳо ҳунаромӯзӣ ва инкишофи анъанаҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани дарки зебоиву зебопарастии кӯдакону наврасон ва ҳавасманд намудани наврасони боистеъдод буд. Дар озмунҳои гузаронидашуда 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок варзид. Озмуни «Маликаи Наврӯз» аз рӯи 5 шарт гузаронида шуд: баҳодиҳӣ аз рӯи ҳусни зебо, пироҳани зебои мувофиқи тарзи дӯхти замонавӣ, қироати шеър ва рақсу байтбарак.
Иштирокчиёни озмунҳо бо тайёрии пухта омада, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Дар озмуни «Маликаи Наврӯз» аз байни 30 муассисаи ширкатварзида ҷойи аввал насиби МТМУ № 7, ҷойи дуюм насиби МТМУ №33 ва ҷойи сеюм насиби МТМУ №27 гардид.
Дар озмуни беҳтарин дастархони наврӯзӣ «Ҳафт син» ва «ҳафт шин» ҷойи аввал насиби МТМУ №4, ҷойи дуюм насиби МТМУ №7, ҷойи сеюм насиби МТМУ №21 гардид.
Ғолибони озмунҳо бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия қадрдонӣ гардида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Зуҳро Соҳибназарова,
мудири шуъбаи методӣ-оммавӣ.