Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ДАР ОҒӮШИ ТАРАДДУДҲО

Дар минтақаи поёни ноҳия баҳор якуми март оғоз мегардаду мардум бо дилгармӣ ва шавқи беандоза онро пешвоз мегиранд. Баҳори минтақаи болои ноҳия дертар мерасад.

  Бо фарорасии баҳор пирони рӯзгордида ҷомаву саллаи баҳорӣ дар тан сари замин меоянду ҷуфтгарони деҳа мавсими кишту кори баҳориро оғоз мекунанд. Пеш аз зери хок кардани дон «Худоё, донаи моро сабз гардон, кишти моро сероб намо, ризқу рӯзии фаровон ато кун»- гуфта даст ба омин мебардоранд. Занҳои деҳ таъом пухта сари замин меоранд. Гулдухтарон дар тан либоси идона ба сайри табиат  баромада сурудҳои наврӯзӣ мехонанд.

 «Баъди Наврӯз чил кунда бисӯз, хоҳ шаб мегардӣ, хоҳ рӯз»-мегӯянд пирон.

Ҷашнгирии Наврӯз имсол дар арафаи 20-солагии Ваҳдати миллӣ сурат мегирад. Мебинем, ки сокинони ноҳия, ҷавонону духтарон дар ободию кабудизоркунии диёр фаъолона иштирок менамоянд.

Сокинони минтақаи болои ноҳия ба ҷашни Наврӯз хуб омодагӣ мегиранд.   Ҳамин ки барф об шуд, мардуми меҳнатдӯст ба кишту кори баҳорӣ оғоз менамоянд. Айни ҳол кишоварзон ба тоза кардани ҷӯйю каналҳо машғуланд. Боғдорон навдаҳои хушку беҳосили дарахтонро тоза мекунанд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Мискинобод тасмим гирифтаанд, ки қабл аз ҷашнгирии Наврӯз ба ҳашар баромада, қад-қади шоҳроҳ ниҳолҳои ороишӣ шинонда, ҳамчунин деҳаҳояшонро кабудизор кунанд. Имсол КВД-и ба номи А.Назиров дар майдони 20 гектар картошка мешинонад.

Ҳоким САФАР.