ХАБАРҲО
ҲАМОИШИ БОНУВОНИ СИЁСАТМАДОР
- Подробности
- Опубликовано 06.04.2017 09:03
Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мартабаю манзалати зан дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба идоракунии давлат, ҳамчун неруи созанда дар мавриди таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Бонувони тоҷик, аз ҷумла бонувони диёри биҳиштосои мо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона ширкат намуда ба сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг кор гирифта давлату миллати тоҷикро ба ҳайси сиёсатмадору соҳибкор, эҷодкору ҳуқуқдон ва ходими давлатию ҷамъиятӣ дар дохилу хориҷи кишвар сазовор муаррифӣ менамоянд.
-Боиси ифтихор аст, ки аксар бонувони дар кору зиндагӣ муваффақ аъзоёни ҲХДТ мебошанд, - гуфт дар мизи мудавваре, ки дар арафаи иди мубораки Рӯзи Модар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид, - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулло Азизов. Боиси қайд аст, ки имрӯз 8 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 37 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 20 нафар хизматчиёни давлатӣ, 20 нафар директорону муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Шумораи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия аз ҳисоби занону духтарон наздик ба ҳазор нафар расидааст.
Чанд нафар бонувони фаъоли ҳизбӣ Зуҳро Ғаффорова, Нигина Саъдуллоева, Мукаррама Шарифова, Ҷамола Валдошева ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Гул Халифаева дар ҳамоиш баромад карда, ризомандиҳои худро аз ғамхорию дастгириҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон баён намуданд. Дар охир ба иштирокчиёни мизи мудаввар, ки аз ҷумлаи фаъолони ҳизбӣ буданд, ҳадяҳои идона тақдим карда шуд.
Т.МУНАВВАРА.