Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

БОЗОРИ КИШОВАРЗОН ДАР ДУШАНБЕ

 Бахшида ба ҷашни байналмилалии  Наврӯз тайи  се рӯз, аз 18 то 20 март дар шаҳри Душанбе бозори фурӯши маҳсулотҳои хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия доир гардид. Макони баргузорӣ кӯчаи Ҳусейнзода (назди бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) муайян шуда буд. Кишоварзони ноҳия дар ярмарка зиёда аз 5 тонна картошка, як тонна сабзӣ, як тонна пиёз, як тонна шир, 0,5 тонна гӯшт ва 200 кило асалро  бо нархи арзон пешкаши сокинони пойтахт намуданд.

-Дар рӯзи аввал,-  гуфт сардори райёсати  кишоварзии ноҳия С Шамсов,- кишоварзони корхонаи воҳиди давлатии А Назиров, хоҷагиҳои деҳқонии Г. Шарифов, Кабкрез, Вашгирд, Сайдонӣ ва Назар Мисоқов, рӯзи дуюм  хоҷагиҳои деҳқонии Қалъаидашт, Дашти марзо, Саховат, Кӯҳдоман, Чаноро ва дар рӯзи  сеюм хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Меҳробод ва И. Салимов бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карданд.

Т. Соҳибназар.