Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

Дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо иқдоми якҷояи Агентии давлатии меҳнат ва шӯғли аҳолӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид, ки беш аз 180 нафар корҷӯён дар он иштирок доштанд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 28 корхонаву муассисаҳои ноҳия ширкат намуда, 75   ҷойи корӣ пешниҳод намуданд.

Дар ярмарка ба зиёда аз 10 нафар барои кор ба ташкилоту муассисаҳо роҳхат дода шуд, ки 8 нафари онҳо бо кор таъмин гардиданд.   Ҳамчунин ба 22 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуда, зиёда аз 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд. Аз аввали сол ин сеюмин ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар ноҳия мебошад. Зарурияти ташкили чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар ноҳия мавҷуд аст.  

Боиси қайд аст, ки дар доираи амалисозии Барномаи мусоидат ба шӯғли аҳолӣ дар самти касбомӯзӣ 101 нафар корҷӯён ба курсҳои дузандагӣ, кафшергарии барқию газӣ ва муҳосибӣ барои касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Тавре сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Раҷабалӣ Ҷалилов зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод, агентии мазкур ният дорад дар оянда курсҳои омӯзиши компютер, занбурпарварӣ, бофандагӣ,   қолинбофӣ ва зардӯзиро ташкил намуда, кӯшиши онро мекунанд, то сафи соҳибкасбон бахусус, аз ҳисоби занони бешуғл зиёд гардад.

Боиси қайд аст, ки дастгирии ашхоси бешуғл алалхусус барои онҳое, ки хоҳиши ба соҳибкорӣ шуғл варзидан доранд, аз ҷониби агентӣ амалӣ мешавад. Аллакай дар ин муддат муассисаи зикршуда ба 20 нафар барои машғул гаштан ба корҳои соҳибкорӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кӯмак намуд, ки айни ҳол онҳо ба корҳои фардӣ машғуланд.

Ташкили кори Агентии мазкур гувоҳ аз он аст, ки онҳо дар рушди минбаъдаи самтҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳм хоҳанд гирифт.