Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҶАВОНОН - МУҲОФИЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Давоми моҳи сипаришаванда дар асоси мактуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2016 «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ ва семинару вохӯриҳои илмиву оммавӣ доир гардид. Ба ин хотир бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он амал кард.

Ҷараёни чорабиниҳои мазкурро давоми моҳ хабарнигори “Набзи Файзобод” Собир Розиқов пайгирӣ намуд.

САЁҲАТ ҶАҲОНБИНИРО МЕКУШОЯД

Саёҳат яке аз самтҳои афзалиятноки мамлакат маҳсуб мёбад. Кишвари мо дар ин самт қадамҳои аввалинро мегузорад. Диёри файзборамон, ки дорои мавзеҳои таърихӣ ва табиати нотакрор аст, мутаассифона, то кунун чандон кашф нашудаву муаррифӣ нагаштааст. Ба ин хотир аввали моҳ дар муассисаи таълимии рақами 35 чорабинии омӯзишӣ оид ба оғози мавсими туризм барои хатмкунандагон баргузор гардид, ки масъулини соҳа оид ба туризми дохилӣ ва моҳияти он ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид доданд.

РОҲПАЙМОӢ

Ҷавонон неруи бузург, созанда ва ояндаи миллатанд. Зеро эшон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ метавонанд Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Ба хотири ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар 13 майи соли равон ҷавонони фаъоли ноҳия беш аз 500 нафар дар маркази ноҳия дар даст шиору овезаҳо роҳпаймоӣ доир намуда, сипас назди қасри фарҳанги ноҳия гирди ҳам омада, фикру андешаҳои хешро доири тағйироти воридгашта баён карданд.

ҶАШНИ ШОҲМОТ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Точикистон дар доираи нақша–чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 14 майи соли ҷорӣ дар қатори 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳия «Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмотро барои таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» ва Аксияи ҷавононро таҳти унвони «Парчами миллӣ–ифтихори ман!» баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама тарғиби шоҳмот, сайқал додани мафкураи зеҳнӣ, ҳамзамон пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили авбошӣ, ғоратгарӣ, ифротгароӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мебошад.

Худи ҳамон рӯз аксияи умумиҷумҳуриявии «Парчами миллӣ–ифтихори ман!» бо иштироки васеи ҷавонон баҳри даъвати оммаи васеи мардум ба маъракаи муҳими сиёсӣ, раъйпурсии умумихалқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар бунёдкорӣ ва созандагии ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз доир карда шуд.

СОЛИМИИ ҶАВОНОН-СОЛИМИИ МИЛЛАТ

Рӯзи Дави миллӣ бо иштироки васеи ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони ноҳия баргузор гардид.

Пеш аз оғози мусобиқа раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба варзиш шуғл варзанд.

Сипас мусобиқа дар масофаҳои 2км (барои духтарон) ва 3-5км (барои писарон) оғоз гардид. Дар натиҷа зинаҳои ифтихориро миёни духтарон Дилшодаи А., Шоҳидабонуи А. ва Зокирова Д. соҳиб гаштанд.

Дар масофаи баъдӣ Зуҳурзода Н., Саидаҳмадзода Д., Каримов Ф. ва дар сабқати ниҳоӣ Шоев З., Шодиев Х. ва Ризоев А. миёни писарон аввалин шуда ба марра расиданд.

ОСОРХОНА-ҶИЛОИ ОИНАИ ТАЪРИХ

18 май аксияи Рӯзи дарҳои кӯшод дар осорхонаи таърихи кишваршиносии ноҳия доир гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия ва ихлосмандони таърих ширкат варзиданд. Тавре Умедҷон Раҳимов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия гуфт: “аксияи мазкур дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанги ноҳия ба хотири огаҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таърихи диёр, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ гузаронида шуд”.

Ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ҷавононро аз бегонапарастиву амалҳои номатлуб боз медорад ва ҳиссиёти эшонро ба рушди фарҳангу тамаддуни ниёгонамон бедор месозад.

ҲУНАР ДАВЛАТЕСТ ПОЯНДА

Тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ва истифода аз он ҷавононро аз бегонапарастиву расму оини бегонагон дур сохта, ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ба ин хотир дар Литсейи касбӣ-техникии   ноҳия намоиши либосҳои миллӣ, ки бо дасти устодону шогирдони муассисаи мазкур Ҳалима Шарипова, Лайлӣ Раҳмонова, Анисаи Ҳабибулло ва Нурбибӣ Назарова тарҳрезӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуд. Куртаву рӯймол, чодару тоқӣ ва дигар намуди пироҳани занона, ки дар гузашта модарону хоҳарони диёрамон ба бар мекарданд, бо тарҳи наву замонавӣ тайёр шудааст, дар тани гулдухтарон шинаму зебанда буд. Тавре муаллимаи литсейи мазкур Ҳалима Шарипова зимни муаррифии сару либос гуфт: “Он намунаҳои ба намоиш гузошташуда сару либосест, ки дар гузашта аҷдодони мо истифода мекарданд. Мо бояд фарҳангу тамаддуни хешро нигоҳ дорем. Ба ин хотир онро бо тарзи замонавӣ ороста, пешкаши гулдухтарон гардонидем”.

ТАНТАНАИ БАЗМИ ҶАВОНӢ

23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ ва фароғатӣ дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Чорабинии мазкур, ки дар он раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, собиқ котибони комсомолии даврони шӯравӣ ва роҳбарони бахши ҷавонон дар замони соҳибистиқолӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия ширкат варзиданд, хело хотирмон гузашт. Сараввал дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия мусобиқаҳои намоишии варзишӣ ва дастовардҳои ҷавонон ба иштирокдорони чорабинӣ пешниҳод гардид. Раиси ноҳия зимни сухани табрикии хеш ҷавонони диёрро ба ин санаи фархундаву гиромӣ муборакбод намуда, ба ҷавонони фаъол Мансур Одинаев, Шуҳрат Абдуллоев, Шоҳрух Маҷидов ва Фирӯзи Хайруллозод барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои бахшида ба “20 рӯзи ҷавонӣ” ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим кард.

Сипас ҷавонону наврасони санъатдӯсти диёр бо барномаи рангини суруду тарона дар васфи Ватан ва ваҳдати миллӣ таъби ҳозиринро болида гардониданд.