ИҶТИМОЪ
РАҚСИ ГУЛБЕЗИ ХУШБӮ
- Подробности
-
01 Июнь 2016
- Опубликовано 01.06.2016 09:43
Аз сари сол толори хонаи фарҳанги ноҳия ин қадар шумури тамошобинонро надида буд, ки 17-уми май дид. Он рӯз консерти озмунии санъаткорони ноҳия дар доираи Фестивали ҷумҳуривии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” баргузор гардид. Даромадгоҳи толорро намоиши ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия ишғол мекард, ки мувофиқ ба талаботи озмун ороста шуда буд. Дар ин намоишгоҳ ҷолибтаринаш табақҳои усто Солиҳбеги файзовагӣ буд, ки ба қавли усто ҳар кадоми он “ҳазор сомонӣ” қимат дорад.
Консерт соати 11(бо омадани ҳакамон) аз хайрамақдами Музаффар Малангов оғоз гардида, навои “Нағма” дар иҷрои ансамбли созҳои халқӣ диққати тамошобинонро ба худ ҷалб кард. Ин навозиши умумӣ аз чор қисмат иборат буда, хуш пазируфта шуд ва соҳиби холи балантарин (10) гардид. Ҳамин тавр ба навбат даҳ нумираи озмунӣ пешкаш карда шуд, ки ҳар кадом дар ҳадди маҳорати иҷрокунандагӣ баҳо гирифтанд. Аз боиси рақси “Гулбез”-и Хушбӯ Ҳамидзод, хонандаи синфи даҳи МТМУ №41 хосса бояд қайд кард, ки хеле ҷаззобу мафтункунанда ба иҷро расид. Мо дар рақси Хушбӯ сад пеҷу тоб, сад нозу карашмаи дилпазир, сад ҳаракати чашмбар дидем. Хушбӯ бо ҳиссиёту ҷӯшиш, бо дастафшониҳои дилкаш, сарҷунбониҳои ҷолиб чашму ақли ҳамаро сӯйи худ кашид. Тасаввур кардан мумкин набуд, ки зери пироҳани чакани шилшиладор қомати мавзун чи қадар пурхурӯш мепечаду меҷӯшад. Ва ин ҳунари воло ба қадрдонии арзандаи ҳайати ҳакамон сазовор гардид. Хушбӯ соҳиби 10 хол шуд.
Бояд зикр намоем, ки Файзобод дар миёни чанд ноҳияи барпокунандаи “Андалеб - 2016” ягона ноҳияест, ки ду шарти озмуниаш соҳиби 10 хол шуд.
Ногуфта намонад, ки Файзобод аз аввалин азназаргузарониҳои эҷодиёти бадеии халқ, ки дар ибтидо (замони Шӯравӣ) “Олимпиада...” ном дошту баъдтар (дар доираи ҷумҳурӣ) “Бӯстон” ном гирифт ва имрӯз “Андалеб” унвонӣ шудааст, ҳамеша ҷойҳои ифтихориро ишғол менамояд ва санъаткорон бо ҷоизаю дипломҳо соҳиб мешаванд. Ин дафъа ҳам, ҳарчанд “Андалеб-2016” бо қувваи худӣ, бе ҷалби мутахассисон шакл гирифт, мавриди қабулу писанди тамошобинон гардид. Мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҳабибулло Мирзошариф аз роҳбарияти шуъбаи маориф, ҶДММ “Хизмат”, ЛКТ-24 барои ёрии беғаразонаашон миннатдорӣ изҳор кард. Дар тайёр кардани санъаткорони ҳаваскор Абӯбакр Гулонов, Рустам Бобиев ва Ҷаҳонгул Аслонова сахт заҳмат кашиданд.
Ҳунарнамоии санъаткорони ноҳия бо баҳои 104,5 хол аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисор пеш меистад.
М. ТАЛЪАТ.