ИҶТИМОЪ
АРӮС АЗ СУҒДЗАМИН
- Подробности
-
10 Май 2016
- Опубликовано 10.05.2016 16:39
Дар пешорӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии оила тасмим гирифтем, ки аз рӯзгори оилаи хушбахту намунавии Азизовҳо маводе омода созем. Зеро зану шавҳарро солҳо боз мешиносаму ҳаваси дар симои онҳо зиёд шудани чунин оилаҳои покизарӯзгорро дар диёрамон орзу мекунам.
Юсуф Азизов, зодаи диёри Файзобод, хатмкардаи факултети иқтисодии Донишкадаи аграрии Тоҷикистон. Солҳо дар ҳукумати ноҳия, ҶСК «Агроинвестбонк» кор кард. Ҳоло сармуҳосиби идораи таҷрибавии боғдории ноҳия. Ҳамчунин раиси кумитаи маҳаллаҳои Саид Гулон ва Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Файзобод.
Ҳамсараш Ҷамила Мамадқулова, зодаи деҳаи Оқтеппаи ноҳияи Нов (Спитамени ҳозира). Хатмкардаи факултети иқтисодии Донишкадаи аграрии Тоҷикистон. Баъди хатми донишкада ду сол дар колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Нов ба ҳайси сармуҳосиб кор кардааст. Баъди ба Файзобод арӯс шуда омадан чор сол сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва аз соли 2001 сармуҳосиби филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» мебошад.
Баъди тамоси телефонӣ Ҷамилабону Мамадқулова меҳмони идораи нашрия гардид. Шеваи гуфтораш ончунон суфтаю ширин, ки гумон мекунӣ, зодаю парвардаи диёри Файзобод бошад. Суҳбати мо одию самимӣ буд:
-Ҷамилаҷон, мехоҳам хонандагон бифаҳманд, ки достони ишқу муҳаббати поки шумо аз кай оғоз гардидаю сарчашма гирифтааст?
-Ману Юсуф дар як донишгоҳ, дар як факултет, дар як курс мехондем. Ҷавони хоксору дидадаро буд. Ӯро ҳамчун шарикдарс эҳтиром мекардам. Соли охирини таҳсил Юсуф рози дили худро ошкор намуд. Муҳаббати самимии ӯро қабул кардам. Баъди хатми донишкада ӯ ба хизмати аскарӣ рафту ман ду сол омадани ӯро интизорӣ кашидам. Ва билохира 21 августи соли 1987 дар Нов ва Файзобод тӯйи арӯсии мо дар ҳалқаи пайвандон бо шодию сурур гузашт.
-Муҳаббати шуморо падару модар, ки фарсахҳо аз диёри Файзобод дур буданд, чӣ гуна пазируфтанд?
- Волидайни ман сараввал роҳи дурро сабаб карда ба хостгорон ҷавоби рад доданд. Дар миён бибии падариам, ки зани оқилаю рӯзгордида буд бо гуфтани қиссаю ҳикматҳои қадимӣ ва нақши ишқу муҳаббат дар ҳаёт тавонист падару модарамро розӣ кунонад. Имрӯз пайвандони ман ба Файзобод ва пайвандони Юсуф ба Нов рафта аз меҳмоннавозию ширингуфтории ҳамдигарӣ табъашон хуш мегардад.
-Сӣ сол аз зодгоҳ дур будан шояд бароятон сахт аст?
-Ба хотири муҳаббат сӣ сол боз дур аз зодгоҳу волидайн дар диёри Файзобод умр ба сар мебарам. Моҳҳои аввали арӯсӣ шеваю гуфтори маҳаллиро дуруст намефаҳмидам. Юсуфам кӯмак мекард. Аз хусурам инсони поксиришт Латиф Азизов, ки синаш ба 93 расидааст ва ӯро чун падари бузургворам дӯст медораму ҳурмат мекунам миннатдорам, ки маро чун духтари худ қабул кардаву сари ҳар қадам насиҳату маслиҳат дод. Аз ҳамсояҳои наздикам, махсусан аз апаи Тағойгул миннатдорам, ки ба ман пухтани нонро дар танӯр ва тайёр кардани таомҳои миллиро омӯхт. Имрӯз апаи Тағойгул шӯхиомез мегӯяд, «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат гузошт устодро».
-Байни шумо муҳаббат беш аст ё эҳтиром?
-Гумон мекунам, ҳарду баробаранд. Ман Юсуфро дӯст медорам ва ҳам эҳтиром мекунам. Ӯ низ маро.
-Фарзанд меваи боғи умри инсон аст. Меваҳои ширини боғи ишқу муҳаббати поку беолоиши шумо?
-Ману Юсуф соҳиби ду гулписарем. Умарҷону Азизҷон. Умарҷон баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва интернатураи Университети тиббии шаҳри Москва ба номи Склифасовский соҳиби касби табибӣ гардид. Азизҷон бошад дар курси дуюми факултети муҳандисӣ - барномасозии Университети байналхалқии шаҳри Москва таҳсил мекунад.
-Ҳамчун зан хушбахт ҳастед?
-Вақте муҳити хонаводагӣ ором аст, маҷрои кору зиндагӣ самти худро меёбад. Ақлу фаросати комилу созанда зиндагиро солим месозад. Вақте зану мард дар шебу фарози зиндагӣ бо ҳам созиш мекунанд, ҳаёти шоистаю солим насибашон мегардад.
Воқеан, имрӯз Ҷамилабону Мамадқулова, ки соҳиби ҳамаи ин фазилатҳои инсонист бо фаросату маърифат ва муҳаббати хеш тавонистааст, ки ду хонаводаро аз ду қутби кишвар хушбахту номдор намояд.
Т. МУНАВВАРА.