ИҶТИМОЪ
17 МАЙ – РӮЗИ БАРГУЗОРИИ “АНДАЛЕБ - 2016”
- Подробности
-
10 Май 2016
- Опубликовано 10.05.2016 15:58
Дар кишвари азизамон - Тоҷикистон бо мақсади инкишофу ғановати мероси фарҳангии халқ дар ҳар ду сол Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ бо унвони хушоҳанги “Андалеб” баргузор мегардад.
“Андалеб -2016” дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба ифтихори 19-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Бар ҳамин асос қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 16 марти соли 2016 ба тасвиб расид. Тибқи ҳамин қарор даври аввали фестивал-озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия таҳти унвони “Шукуфаҳои умедбахш” доир гардид. Озмунҳои мактабӣ, гуфтан мумкин, ба даври дуюми фестивал истеъдодҳои нодирро ҳадя кард. Мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошарифов бо хушҳолии комил номи Шаҳрияи Исроил (мактаби №20), Шарқияи Раҳмоналӣ (мактаби №23), Хушбӯ Чақонова (мактаби №41), Замира Гулзода (мактаби №6), Сафиаллоҳ Ибодов (мактаби №43), Шукрона Сангова (мактаби №40), Зафар Садриддинов (мактаби №59) ва Вафо Мусулмонзодаро ба забон гирифт. Ба эътирофи роҳбари фарҳанги ноҳия номбурдаҳо истеъдодҳои умедбахшанд. Аз миёни онҳо Хушбӯ Чақонова барои иҷрои рақси якка дар фестивал-озмун интихоб гардид. Шаҳрияи Исроил ва Шарқияи Раҳмоналӣ ҳамчун сарояндаҳои хушовоз пазируфта шуданд. Замира Гулзода дар фестивал-озмуни “Файзи истиқлол”, ки рӯзи 29 апрел дар шаҳри Ваҳдат барпо гардида буд, ҳамчун ғолиб 28-уми май ба консерти ҷамъбастии ҷумҳуриявӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев роҳхат гирифт.
Даври дуюми фестивали ҷумҳуриявии “Андалеб-2016” 17 май дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова аз рӯйи 10 шарти озмун барпо мегардад. Айни ҳол кормандони театри халқӣ дар якҷоягӣ бо ҳаваскорони санъат ҳамарӯза машқ мекунанд. Ҷамъи иштирокчиёни фестивал-озмун ба 83 нафар мерасад. Шумораи бештари онҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1 ва 35 мебошад. Дар сюитаи рақсии овозӣ дафъаи аввал аст, ки рақси мардона дохил карда шудааст. Раққосбаччаҳо аз литсейи касбӣ-техникии рақами 24 ҷалб шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ноҳия “Андалеб-2016” бо қувваи худӣ, бе ҷалби мутахассисони беруна мегузарад.
Дар фестивал-озмун шеърҳои Муҳиддин Фарҳат, Шаҳрияи Адҳамзод ва Ҷӯрабек Муъмин, оҳангҳои Абӯбакр Гулонов, Рустам Бобиев садо медиҳанд.
М.ТАЛЪАТ.