Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ФИРОҚИ МОДАР

Модарам бо дӯхтани тоқии гулдӯзӣ, пӯхтани хӯрокҳои миллӣ ва хондани афсонаҳои гуногун дар аёми Наврӯз дили хурду калонро хурсанд менамуд.

Баҳорон ба чидани пӯдинаи лаби ҷӯй ва сабзаҳои баҳорӣ, аз қабили қоқу, шибитаку каравшак мерафту аз ҳавои форами табиат нафаси тоза мегирифт.

Афсӯс, ки баҳор омаду модари ҳунармандам зери хок хуфтааст. Ӯ мисли дигар набототи табиат аз хок сар намебарорад. Модари ҳунармандам ҳамин шабу рӯзи баҳори гузашта аз миёни мо абадӣ рафт. На ба тамошои табиати дубора зиндагаштаи баҳорӣ, балки ба водии хамӯшу хонаи танҳо сафари бебозгашт намуд. Оҳ, модарҷон, ҳар гоҳ хонаи холии туро мебинам, қалбам реш-реш мегардад. Ҳар лаҳза ғоибона садоятро мешунаваму хандаҳои зебоятро ёд меорам. Аз фироқат фарёд мекашам, ки кош ҳар шабу рӯз дар наздат менишастаму аз дидорат сер мегаштам. Акнун, ки дар барам нестӣ, ягона тасолои хеш дуогӯят буданро медонам. Худованд манзили охирататро ободу ҷоятро биҳишти ҷовидонӣ гардонад модарҷон.

Тоҷиддин ҚУРБОНОВ,

деҳаи Қанғелӣ.